Қаҳрамонони видеои мошини фироркарда пайдо шуданд

РВКД Душанбе хабар дод, ки ронандаи мошини “Тойота Кемри” бо рақамҳои “крутой”-и 2001ОQ 01 , ки рӯзи 10 декабр як пиёдагардро бо мошин заду ба ҷои ба ҷабрдида ёрӣ расондан аз маҳалли садама фирор кард, дастгир шудааст.
Дар хабари ВКД омадааст:»Мақомоти милитсияи пойтахт дар заминаи муроҷиати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ садамаи мазкурро мавриди баррасӣ ва санҷиши ҳаматарафа қарор дода, аз натиҷааш чунин иттилоъ медиҳад.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Кемрӣ» рақами қайди давлатиаш 2001ОQ 01, шаҳрванд Ҳасанов Мубин Абдуҷабборович, санаи таваллудаш 31.03.1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. Номбурда санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ ҳангоми ҳаркат тавассути кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе зимни бозистодан ба амри ранги сурхи чароғаки роҳнамо ва баъди сабз шудани ранги чароғак ба таври шитобкорона ва якбора бо суръати баланд автомашинаро ба ҳаракат даровардааст, ки дар ин лаҳза пиёдагарди ноболиғ, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанберо, ки дар чароғаи сурх роҳро убур мекард, зада аз пой афтондааст. Чуноне дар навор дида мешавад, ронандаи мазкур ба ҷои он, ки ба ҷабрдида кумаки лозима расонад, баръакс бо суръати баланд аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Баҳри муайян ва боздошт намудани ронандаи мазкур як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд. Муайян гардид, ки номбурда худи ҳамон рӯз ба хотири аз ҷавобгарӣ пинҳон мондан рақамҳои автомашинаи худро иваз намуда, рақамҳои нав, яъне 0327 АВ 01-ро ба расмият дароварда, ҳамзамон автомашинаи худро ба ноҳияи Муъминобод бурда пинҳон кардааст.
Кормандони милитсияи пойтахт дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳолати мазкурро муайян ва автомашинаи номбурдаро аз ноҳияи Муъминобод ба ҷаримагоҳи муваққати Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ҷабрдида низ муайян карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, ки ӯ ноболиғ А.Н., соли таваллудаш 2005, хонандаи синфи 8-и яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино буда, баъди гузаронидани ташхисҳои тиббӣ муайян карда шуд, ки хушбахтона бар асари садама ягон ҷароҳат набардоштааст.
Айни ҳол нисбати шаҳрванд Ҳасанов Мубин тибқи талаботи моддаҳои 334 ва 333 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол карда шудааст».

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *