“Маняк»-и гузаргоҳи зеризаминӣ аз Деҳқонобод будааст

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар додааст, ки як марди 36-сола аз ҷамоати Деҳқонободи шаҳри Ҳисор, ки қаблан ду маротиба барои қаллобӣ ва як маротиба барои ғоратгарӣ суд шудааст, бо иттиҳоми ҳамла ба як зану як духтар дастгир шудааст.

ВКД гуфт, рӯзи 13 декабр ӯ дар гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи 82 телефони “Редми”-и як духтари 17-соларо бо зӯрӣ кашида гирифта, рӯзи 19 декабр бо ҳадафи тасарруфи ҷузвдон (сумка) дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаи И.Сомонӣ ба як зани 39-сола ҳамла кардааст.
Видеои ин ҷабрдидаи ахирро ҳамон рӯзи 19 декабр фаъоли тоҷик Зуля Раҳматова нашр кард. Дар видео дида мешуд, ки як зан гирякунон нақл мекунад, ки аз тарафи сафорати Русия ба самти Қарияи боло мерафт ва ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи зеризаминӣ як мард ба вай ҳамла кард. Зан мегуфт, ки аз тарс фарёд бардошт ва он мард ҳам тарсида, фирор кард. Кӯшиши мустақилона бо кумаки раҳгузарон дастгир кардани он мард натиҷа надодааст ва ин зан ба мақомот муроҷиат кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *