Абдулло Давлатов: “Дар Русия мушкилоти маҳалгароӣ не, тоҷикгурезӣ дарднок аст”
Адбулло Давлатов ба ҳайси намояндаи ягона аз кишварҳои Осиёи Миёна дар Коммисияи сиёсати муҳоҷират ва мутобиқшавии муҳоҷирон интихоб шудааст.
Абдулло Давлтов аз ҷумлаи тоҷикон муваффақ дар Русия аст, ки дар иртибот ба мушкилоти муҳоҷирон изҳори назар мекунад ва мавқеи худро дорад. Ҳоло ӯ, ба ҳайси намояндаги ягона дар Коммисияи сиёсати муҳоҷират ва мутобиқшавии муҳоҷирон дар Русия интихоб шудааст. Бо Абддулло Давлатов суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи дар ихтиётон қарор мегирад.
Нахуст, аз ин ки ба симмаи намояндаи ягон ба ин коммисия интихоб шудед табрик арз мекунам. Ба назари шумо ташкили чунин коммисия чӣ таъсир ва фаъолияти муҳоҷирон дар Русия дорад? Оё ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон кӯмак мекунад?
Абдулло Давлатов:Ташаккур! “Бояд таъкид кунам, ки 19 декабри соли 2012 президенти Русия фармоне «Оиди сиёсати давлатии миллии Федератсияи Русия то соли 2025» таҳти №1666 имзо карда буд. Аз рӯйи ин фармон минтақаҳои Русия барномаҳои худро роҳандозӣ карданд. Ҳукумати Маскав низ бо иштироки сохторҳои шаҳрӣ ва фаъолони ҷомеаи шарҳвандӣ ба таҳияи барномаи махсус пардохта буд. То моҳи декабри соли гузашта чандин ҷаласаву конфронсу мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо баргузор шуда буданд. Дар натиҷа, 06.06.2016 с. шаҳрдории Маскав Сергей Собянин Қарори Ҳукумати Маскав «Оиди сиёсати миллии Маскав то соли 2025″ро имзо кард. Пештар, 05.04.2016 с. шаҳрдории Маскав қарори дигареро «Оиди тағйирот дар қарори Ҳукумати Маскав аз 16 июни соли 2009 №570-ПП» имзо карда буд. Дар асоси ҳамин қарори охирин, Кумиссиюни махсусе оиди сиёсати муҳоҷират ва мутобиқгардонии муҳоҷирон ташкил ёфт. Чанд муддат баҳсҳову пурсишҳову санҷишҳо дар нисбати интихоби масъулини ин комиссия баргузор шуда буданд. Хулоса шуд, ки 9 нафар аъзои доимӣ мешаванд.
Зиёда аз ин, ҳар нафаре, ки дар самти муҳоҷират фаъолият дорад ва аз ҷамъияти аз қади давлатӣ гузашта намояндагӣ мекунад, метавонад ба таври расмӣ ба Ҳукумати Маскав муроҷиат кунад ва дар кори ин комммисия иштирок намояд.
Сардори Департаменти сиёсати миллӣ, муносибатҳои байниминтақавӣ ва туризми шаҳри Маскав Владимир Черников, ки дар ҷаласа уҳдаи раёсатро дошт, гуфт: — Ин комися бояд бо Идораи Хадамоти муҳоҷират, Департаменти иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбута дар тамоси доимӣ бошад, то тавонад аз воқеаҳои нохуш ҷилавгирӣ кунад ва сари вақт ба мушкилоти муҳоҷирон дастрасӣ кунад. Барои тамоси доимӣ доштан Департаменти ахборот ва Департаменти сиёсати миллӣ, муносибатҳои байниминтақавӣ ва туризми шаҳри Маскав муваззаф шудаанд, ки ба Шӯрои миллатҳои назди Маскав ва ин комисия ҳама шароитҳоро муҳайё кунанд. Хулоса, аз рӯйи таҷриба ва кори ҷаласа метавон гуфт, ки Ҳукумати Маскав фаъолияти зерсохторҳояшро дар ин самт воқеӣ ва пурзӯр кардааст. Аммо, бояд қайд кард, ки ҳалли аксари мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ на аз Русия ва ё ҳукумати Маскав вобаста аст. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда бояд давлатҳои марбута дар фикри пуштибонии шаҳрвандони худ бошанд!”
Ҳоло муҳоҷирони тоҷик беш аз ҳар вақти дигар ба пуштибонӣ ниёз доранд, ба назари Шумо барои пуштибони аз онҳо чӣ иқдомҳо аз суйи ҳукумат бояд рӯйи даст гирифта шавад?
Абдулло Давлатов: “Бояд бигӯем, ки ман дар коммисияи мазкур на ҳамчун тоҷик ё масъул дар самти муҳоҷират шомил ҳастам, балки ба ҳайси фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Русия фаъолият хоҳам кард. Яъне, фақат мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ намудан, аз тарафи ман нодуруст аст. Агарчӣ, шукри Худо тоҷик ҳастам ва албатта кӯшиш хоҳам кард, ки то имкон дорам ба ҳамватанон кӯмак кунам ва дар ин самт низ андешаҳои худро ироа кунам. Аммо, ба ростӣ, чи гуям ё нагуям боварӣ дорам ҳеҷ чизе тағйир намеёбад! пешниҳодҳоямро на як бору ду бор то худи президент расонида будам: ҳам ба тарзи шифоҳӣ ва ҳам ба тариқи мактубҳои расмӣ. Афсӯс, ки ҳатто лоиқи ҷавоб намедонанд! Пас, ба қавли мардум «худашон медонанду дави аспашон». Вале, барои коршиносону рӯзноманигорону мардум мерасонам, ки чунин пешниҳодҳо карда будам:
- Ба хотири кам кардани харҷи буҷҷаи давлат намояндагии хадамоти муҳоҷират, консулгариҳои фахрӣ, масъулони самти муҳоҷирати назди консулгариҳо бояд ихтисор шаванд ва ба ҷои онҳо як маркази пуштибонии ҳуқуқи муҳоҷирон ташкил шавад. Дар ин марказ бояд 2 ё 3 адвокати таҳҷоӣ (русӣ) бояд фаъолияти доимӣ кунанд.
- Бояд як хазинаи махсуси кӯмак ба муҳоҷирон ташкил шавад, ки дар раёсаташ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, тоҷикони Русия ва ҳукумати Тоҷикистон шомил шаванд. Ин хазина набояд зертобеи кадом як сохтори ҳукуматӣ бошад. Беҳтараш, дар Русия ба қайд гирифта шавад.
- Сохторҳои гуногуни Тоҷикистон бояд дахолати ғайриқонунӣ ва вайронкориҳои бешармонаи худро байни ҷамъиятҳои тоҷиктабор қатъ кунанд.
- Барои ҳисоботҳои бардуруғ масъулини самти муҳоҷират ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
- Дар шабакаҳои ТВи Тоҷикистон барномаҳои махсус барои муҳоҷирон таҳия ва пешниҳод шаванд, ки дар онҳо сафсатагуёну маддоҳон не, балки мутахассисону коршиносону коруфтодаҳо масъалагузорӣ ва пешниҳодҳо кунанд.
- Дар Тоҷикистон ҷойҳои корӣ ташкил шаванд ва ё, ҳадди аққал, самти ҳиҷрати корҷӯён аз Тоҷикистон дигар карда шавад. Такрор мекунам, ки ин пешниҳодҳо ва чанд пешниҳоди дигарро на як бору ду бор ба ҳукумати Тоҷикистон расонидаам ва ҳама беҳуда!”
Аз бозтоби расонаҳо маълум аст, ки дар Русия алайҳи тоҷикон як фазои тоҷикбадбинӣ ё тоҷикҳаросӣ эҷод шудааст, бо чӣ сабаб чунин фазо эҷод шудааст? Кӣ гунаҳкор? Мақомоти Русия ё муҳоҷирон?
Абдулло Давлатов: “Агар «мӯйро аз хамир ҷудо кунед» намоед, тарафи Русия ҳеҷ «фазои тоҷикбадбинӣ ва ё тоҷикҳаросӣ» фароҳам наовардааст! Биёед воқеъбин бошем: вақте ки аз тарафи Тоҷикистон руйхати нафарони зиёдеро ба русҳо медиҳанд ва аз инҳо талаб мекунанд, ки дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ҳазорон тоҷикро дастгир карда қонуниву ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ирсол кунанд, албатта пулис аз шикори тоҷикон хурсанд мешавад. Чаро, ки медонанд: ҳар зулме ба тоҷик карданд ё бо тӯмате тоҷкиро зиндонӣ карданд ё кисаҳои тоҷикро холӣ карданд, ба доди тоҷик касе намерасад. Ба ёд биёред ҳалокати тифли панҷмоҳа Умаралиро: ҳатто масъулини тарафи Русия талаби ҷазои гунаҳкоронро карданд, аммо тарафи Тоҷикистон бо сафсатаи «волидайнаш қайди расмӣ надоштанд» қаноат карданд. Вақте, ки аз тарафи баъзе масъулини Тоҷикистон шифоҳӣ ва ҳатто хаттӣ хоҳиш мекунанд, ки ин ё он ҷамъияти тоҷиктаборро ба ҷаласаҳояшон даъват накунанд, пас аз кӣ гила кунем? Шахсан худам оиди чунин дархостҳо шунидааму бо чашми худ чунин мактубҳояшонро дидаам. Агар ки чунин сиёсати бадбинӣ нисбати тоҷикон аз тарафи нохалафоне аз масъулини Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, пас, ба қавли мардум «инҳоро Худо медиҳад»: ин ё он масъулин ва ё сиякори пулис бо ҳар баҳонаву тӯҳмат ба сари тоҷик зулм мекунад ва барои манфиати бештар бардоштан мавзуъро расонаӣ мекунад. Рӯзноманигорон бошанд кори худро мекунанд: ахборе дарёфтанд ба мардум мерасонанд. Хулоса, дар ташкили «фазои тоҷикбадбинӣ ва ё тоҷикҳаросӣ» «айб дар ош аст ё дар мош» — аввал инро бояд муайян кард ва баъд санг суи Русия партофт! Албатта, дар Русия мушкилотҳои зиёд: миллатгароҳо зиёданд, пулису хадамоти муҳоҷират фасодзада ҳастанд ва ғайраву ғайра. Аммо, мушкилоти тоҷикон аз дигарҷо об мехӯранд”.
Замоне гуфта будед, асри 21 бояд асри тоҷикон бошад. Ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба фаъолияти тоҷикон дар Русия умед доред, ки асри 21 асри тоҷикон мешавад?
Абдулло Давлатов: “Соли 1995 ёрдамчии вакили Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Удмуртиё будам. Дар як нишасте гуфта будам: «Будубоши миллатҳои гуногунро дидаву омӯхтаву хулосае карда будам, ки ҳар миллате худро бо хусусияте муаррифӣ кардааст. Барои мо тоҷикон як самт мондааст асолати таърихии мост — худро ҳамчун миллати бофарҳанг муаррифӣ кардан». Аммо дидам, ки вазъ сол то сол бадтар мешавад ва аз ин хотир соли 2005 ба президенти Тоҷикистон мактуби кушод навишта будам ва қайд карда будам: — Бузургии миллат на бо масоҳати кишвар ва ё шумораи аҳолияш баҳо дода мешавад. Миллатро хираду фарҳангаш бузург мекунад. Тоҷикон хотираи бойи генетикии таърихӣ доранд ва вазифаи муҳимтарини давлат бояд бедор кардани ҳамин хотира бошад. Яъне, дастгирӣ ва рушди маъориф бояд дар мадди аввал бошанд! Гумон доштам, ки ба қавли устоди шодравон Лоиқ Шералӣ мешавад: «Халқро як сар савод омӯхтаему илму хат, Бояд акнун босаводаш оқилу доно шавад!». Афсӯс, ки чунин нашуд. Аммо, ҳарчӣ набошад, ҳоло тоҷикони муваффақ дар Русия зиёд ҳастанд ва боварӣ дорам, ки миёнаи асри равон тоҷикон мавқеи қавие хоҳанд дошт!”
Тоҷикон дар Русия муттаҳид ҳастанд? Оё бемории маҳалгароӣ ба он ҷо ҳам “кӯч” бастааст ё хайр?
Абдулло Давлатов: “Гумон надорам, ки маҳалгароӣ мушкилоти ҳалкунандаи тоҷикони Русия бошад. Табиист, ки инҷо ҳамдеҳаҳову ҳамминтақаҳо ба ҳам меоянд, аммо сабаби чунин рафтор маҳалгароӣ нест. Осон кардани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ тавассути шиносҳо аввалин сабаби чунин сарҷамӣ аст. Аксар мешавад, ки тоҷикон аз маҳалҳои гуногун инҷо шинос мешаванду дӯстӣ мекунанд. Агар ба ватан рафтанду баъди чанде баргаштани шуданд, аллакай ҳаммаҳали худро намеҷӯянд, балки ҳамон ҳамВатани худро пайдо мекунанд. Хулоса, маҳалгароӣ ҳамчун як омил ё олоти амали кардани манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ то марҳилаи зарурӣ истифода мешавад, ки дар мулки бегона як амри табиист. Албатта, аҳмақҳое низ ҳастанд, ки барои манфиатҳои сиёсӣ ва ё баланд бардоштани рейтинги худ омили маҳалгароиро ба кор мебаранд. Дар Русия мушкилоти маҳалгароӣ не, мушкилоти тоҷикгурезӣ дардноктар аст: рӯз то рӯз сафи тоҷиконе, ки худро ҳамчун намояндаи ягон миллат ё қавмияти қавқозӣ муаррифӣ мекунанд, зиёд мешавад.
Ин суол ба унвони суоли охир: Дар муҳоҷират чӣ рӯзу рузгоре доред ва ба мардуми тоҷик чӣ орзу мекунед?
Абдулло Давлатов: “Ман 24 сол аст, ки дар Русия ба сар мебарам. Шукри худо, ки мушкилоте надорам, магар ки дурӣ аз шаҳри дӯстдоштаам Душанбе ва Тоҷикистон. Дар инҷо то ҷое қадр мекунанд: ба ҷаласаҳо даъват мекунанд, ВАОи Русия андешаҳоямро оиди ин ё он масъала мепурсанд ва ғайра. Агарчӣ дар зиндагиям хуб аст, дар гуфтору кирдорам ҳеҷ монеае нест, ба давлатҳои зиёди Аврупову Ховари Миёнаву Осиёи Ҷанубу Шарқӣ борҳо сафар кардааму аз нисф зиёди минтақаҳои Русияро гаштаам, дилам мехоҳад ки дар Тоҷикистон бошам. Хулоса, ба қавли Нодири Нодирпур: «Кӯҳан диёро, диёри ёро, ба азми рафтан дил аз ту кандам, Аммо ҷуз инҷо Ватан гузидан наметавонам, наметавонам».
Мусоҳиб: Сипеҳри Кароматулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ