Амрико барои исломситезӣ дар 5 сол 206 млн$ сарф кардааст

Аксари ташкилотҳои амрикоие, ки барои риояти ҳуқуқи башар мубориза мебаранд, барои ташкилоти ҷалби одамон ба исломситезӣ кумаки молӣ мекардаанд.

«CAIR»- Ҷамъияти муносибати амрико-исломӣ ва Маркази робита бо муносиботи гендерии назди Университети Калифорниягии Беркли (UCB) рӯйихати 74 ташкилотҳоеро, ки оташи Иломофобия(исломситезӣ)-ро дар Иёлотҳои Муттаҳида барангехтаанд, ифшо намуд.

Тавре, ки  The Guardian хабар медиҳад, исломситез намудани халқиятҳои ба дигар дин гаравида ё худ қишри бехудоён (атеистон) ва бедор намудани ҳисси нафрати онҳо нисбати мусалмнони Амрико ва дини мубини ислом ба тиҷорати сердаромаде табдил ёфтааст. Ин ақидаи хешро UCB дар баромади душанбегияшон дар ҳафтаи равон интишор намудаанд.

Ҳадафи аслии 33 гурӯҳи шомил ба ин рӯйихат « Пропоганда ё худ таблиғи нафрати рӯйирост нисбати ислом ва мусалмонон» мебошад.

Аммо аз ҳама «шок»-овараш дар он аст, ки аксари ташкилотҳои сармоягузори ин рӯйихат он ташкилотҳое, ҳастанд, ки ба ҳифзи ҳуқуқи башар новобаста аз дину миллат ва нажоду ранги пӯст машғуланд: Abstraction Fund, Clarion Project, «Маркази озодии Дэвид Горовиц» (David Horowitz Freedom Center), «Форуми Шарқи Наздик» (Middle East Forum), «Ташкилоти амрикоии баробарҳуқуқӣ ва озодии инсон» (American Freedom Law Center), «Маркази бехатарии сиёсӣ» (Center for Security Policy), « Маркази таҳқиқоти терористӣ» (Investigative Project on Terrorism), проектҳои «Jihad Watch» ва  «Act! for America». Ташкилотҳои номбурда   тӯли солҳои 2008-2013 наздики 206 миллион доллар дар роҳи исломситезӣ харҷ намудаанд.

Яке аз муаллифони мониторинги «Мубориза алайҳи исломситезӣ» , директории департаменти CAIR  Кори Сейлор (Corey Saylor), мунтақид бар ин аст, ки:

« Нафрат нисбати ислому мусалмонон, ки ин ташкилотҳо сармоягузорӣ менамоянд, оқибатҳои воқеии хешро алакай дар мисоли ҳамла ба масоҷид дар манотиқи гуногуни ИМА, қонунҳои нав бобати «ҷудо» намудани мусалмонҳо аз дигар қишри бошандагони ин мамлакат бараъло нишон дода истодааст».

Дар баробари ин ба ақидаи Кори Сейлор   «Маркази бехатарии сиёсӣ» ва  «Act! for America»-и дар Вашингтон суқунат дошта  аз дигар марказҳо дида дар роҳи исломситезӣ «малакаи зиёд» нишон додаанд ва то имрӯз кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки риторикаи антиисломии хешро аз чаҳорчӯбаи аудиторияи маргиналии хеш фаррохтар созанд.

Ду гурӯҳи дигари ин рӯйихат  – «Маркази бехатарии сиёсӣ» ва «Маркази озодии Дэвид Горовиц» – Сенатори ИМА дар Алабама- Ҷеф Сессионро, ки сарварии «Комитети консултативии Додалд Трампа дар робита ба бехатарии инсон»- ро ба ӯҳда дораду эҳтимоли ба курсии витса-президети ин ниҳод нишастанаш низ ҳаст, бо «мукофт»-и ҳанггуфте сапрфароз гардониданд.

 Рӯзи душанбе яке аз сархатҳои асосии веб- сомонаи «Маркази озодии  Дэвид Горовиц» чунин буд: « Мусалмонҳои «фанат» 49 касро дар Орландо куштанд» ( Парронидани ҳозирин ва бошандагони гей-клуби Орландо дар назар дошта шудааст, ки қотили асосӣ Умар Матин мебошад), ки нафрати баралои аъзоёни ин созмонро нисбати ислом намудор менамояд.

Дар нишасти «Мубориза бар зиди исломситезӣ» ҳамчунин номгӯи чанд қунунҳои ҷории зиёда аз даҳ иёлоти ин китъа зикр гардид, ки мазмуни асосияшон дорои хосияти исломситезӣ мебошад.

«Ҳамчунин дар соли 2015  78 ҳолати ҳамла ба мосҷиди дар гӯшаҳои гуногуни Амрико ҷой дошта аз ҷониби UCB ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам аз ҳама теъдоди зиёдтарини ҳамла ба масҷидҳо назар ба 5 соли пешини кори шашсолаи антиисломии ин ҷамъиятҳо  мебошад»- ҷамъбаст намуд суханронии хешро ҷаноби Сейлор дар нишасти «Мубориза бар зидди исломситезӣ».

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *