Абдуллозода дар Суғд бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос шуд
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳ шинос шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар беморхонаҳои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шуъбаҳои муассисаҳои номбурда шинос шуда, аз рафти хизматрасонии онҳо дидан кардааст.
Ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода дар муассисаҳои мазкур бо як қатор беморон низ суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шудааст.
— Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти беморхонаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ