Вокуниш ба муроҷиати шаҳрванд: Тарбузфурӯш ҷазояшро дид

РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар асоси муроҷиати шаҳрванд Кироншоҳ Шарифзода як тарбузфурӯше бо гумони вайрон кардани қоидаи ҷамъиятӣ дастгир ва ҷарима баста шуд.

Тибқи муроҷиатнома, номбурда чанд рӯз пеш дар маҳаллаи “Зарафшон” аз фурӯшандае нархи тарбузро пурсида, арзон карданӣ мешавад, вале фурӯшанда дар ҷавоб гапҳои дурушту таҳқиромез мезанад. Дар натиҷа миёни харидору фурӯшанда чанҷоли лафзӣ ба вуҷуд омада, ҷабрдида ба қароре меояд, ки ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода тариқи “Фейсбук” муроҷиат кунад.

Ҳамчунин фурӯшанда бо худ кӯдаки хурдсолашро низ ҳамроҳ доштааст, ки аллакай ҳамчун меҳнати маҷбурии кӯдак ҷавобгарӣ дорад.

Ба гуфтаи ҷабрдида ба ин ҳодиса ду корманди милитсия низ шоҳид будаанд, вале ба ин кор монеъ нашудаанд, аз ин рӯ, муроҷиаткунанда тақозо кардааст, ки нисбати онҳо низ чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Дар натиҷаи корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шуъбаи ВКД Сино-2-и шаҳри Душанбе фурӯшанда дастгир шуда, бо ҳукми Суди ноҳияи Сино ба ӯ барои муносибати дағал ва ҳақорат ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (680 сомонӣ) ҷарима таъин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *