Абдунабӣ: 17 рӯз боз бародарамро меҷӯем

17 рӯз боз бародарам бедарак ва мо аҳли оилаи нигарону дидагирён ҳастем. Бародарам-Ниёзов Абдураҳим, сокини ноҳияи Зафаробод, деҳаи Сарибоғ, 16 март аз корхонаи кулчабарории “Шириншоҳ”-и шаҳри Хуҷанд ғайб задааст ва  то ҳол на аз худаш дараке ҳасту на аз маргаш. Ду фарзандаш ҳар бегоҳ “падарам кай меоянд, чаро имшаб ҳам наомадан” гӯён ба захми дили модари бемораам дубора намак мепошанд.

Ба мақомоти милитсия хабар додаем, масъулин дар ҷустуҷӯи бародарам ҳастанд, аммо аз сӯзиши дил ва беқарорӣ маҷбур шудам ба редаксияҳо равам бо умед ҳастам, ки бо ёрии ВАО ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бародарам ёфт мешавад.

Илтимос аз ҳамаи  ҳамватанон, агар дар куҷо будани  бародарамро (нафари дар аксбуда) донанад ва  ё аз тақдири ӯ хабардоре дошта  бошанд, ба рақамҳои : (92)   943 44 46,  777 05 76 95   занг зананд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *