Тирпарони хонандаи синфи 8 ба сӯйи ҳамдарсаш

Дар мактаби №38 шаҳри Бишкеки Қирғизистон хонандаи синфи 8 аз таппонча як ҳамдарсашро захмӣ кард. Ин ҳодиса рӯзи 30 март рух дод. Пулиси Бишкек мегӯяд, хонандаи мактаб таппончаи бародарашро ба дарс овардааст.

Хонандаи захмдор дар бемористон бистарӣ шуд. Ба иттилои пулис, вазъи сиҳатии вай муътадил аст.

«Ба иттилои тафтишот, ноболиғ таппончаи бародарашро ба мактба овардааст. Вай тасодуфан тир кушода, ҳамдарсашро аз ноҳияи китфаш захмӣ кардааст. Ҳоло мақомот тафтиш доранд, ки силоҳро ноболиғ чӣ гуна ба даст овардааст», — гуфт сухангӯи раёсати пулис дар шаҳри Бишкек Одил Оморов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *