Абдураҳмон Қодирӣ: Дар Суғд харҷи тӯйҳо бояд танзим шавад!

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, гуфтааст, ки нархи хидматрасонии тӯйхонаҳо, кирояи либоси арӯс ва хидматрасонии наворбардорону сарояндагон ниҳоят гарон аст ва он бояд танзим карда шавад.

Дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд рӯзи 11-уми октябр Қодирӣ гуфтааст, арзиши 3 соат кирояи “фата” (пироҳани арӯсӣ) 8 ҳазор сомонӣ, нархи хидматрасонии тӯйхонаҳо то 10 ҳазор сомонӣ ва 3 соат овозхонии ҳунармандон 8 ҳазор сомонӣ аст, ки аз ин нархҳои гарон мардум ба дод омадаанд.

Қодирӣ гуфтааст, дар баробари танзими расму анъанаҳои миллӣ, ки тибқи талаботи қонуни танзим сурат мегирад, нархи хидматрасонии овозхонҳо, кирояи фатаи арӯс ва ровию наворбардорони тӯй ҳам танзим шавад.

Раиси вилоят бинобар ин пешниҳод кардааст, ки дар назди шуъбаҳои ақди никоҳи шаҳру навоҳӣ марказҳои махсуси хидматрасонии иҷтимоӣ ташкил карда шавад. Абдураҳмон Қодирӣ дастур додааст, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ нақлиёту дастгоҳи наворбардорӣ харидорӣ шуда, дастаи ҳунармандон таъсис дода шавад, ки ба гуфтаи ӯ “аз рӯи инсоф” ба мардум хидмат расонанд.

Аммо дар мавриди фата – либоси арӯсӣ Қодирӣ таклиф кардааст, ки “минбаъд дар тӯйҳо ба бар кардани либоси миллӣ – атлас анъана шавад”.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки қонуни танзими маросими миллӣ дар тӯли даҳ соли гузашта 18 миллиард сомонии мардумро сарфа карда ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳондааст. Маҳкам Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон моҳи июни имсол дар як ҳамоиши бахшида ба 10-умин солгарди қабули Қонуни танзим гуфт, ки даҳ сол пеш сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 70 дарсад буд ва ҳоло ин рақам то 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Ӯ бовар дорад, ки яке аз сабабҳои пойинравии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти қонуни танзим будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *