Дар шаҳри Душанбе бар зидди экстремизм ҳамоиш баргузор гашт

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва мушкилоти коҳиш додани сатҳи тундгароӣ: мубодилаи таҷриба байни Тоҷикистон ва Фаронса” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Гуедар Ясмин, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон Баротзода Файзулло, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷрояи Президенти Тоҷикистон  Одинашоҳ Вализода, коршиносону пажуҳишгарон аз Фаронса ва Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои ифротгароии исломӣ аз нуқтаи назари мақомоти фаронсавӣ,  баъзе махсусиятҳои ифротгароӣ дар соҳаи дин дар шароити Тоҷикистон ва дарки хатари он маърӯзаҳо карда,  миёни худ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамоиши мазкур пагоҳ, 13 окятбр  низ идома ёфта,  сипаас аз кори он натиҷагирӣ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *