Абдураҳмони Ҷомӣ: яксӯ валангор, яксӯ алафзор
Имрӯзҳо дар гӯшаву канори кишварамон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегирад. Намунаи инро метавон дар шаҳри зебои ҷаҳон ва яке аз беҳтарин даҳгонаи аввали шаҳрҳои ИДМ муаррифӣ шудани шаҳри Душанбе мушоҳида кард. Ногуфта намонад, ки пойтахти кишвари мо, шаҳри Душанбе бо бунёди боғу марказҳои фарҳангию фароғатиаш диққати сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб намудааст.
Аммо, на дар ҳама марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин иқдомҳои намунавию шоёни таҳсин дар самти ободиву гулзоркунии боғу марказҳои фароғатӣ пиёда мегардад. Барои ин боғи марказии ноҳияи А.Ҷомӣ мисол шуда метавонад, ки ҳангоми ворид шудан ба дохили он ягон иқдоми тозаи обдонию созандагӣ як сӯ истад, ҳатто гулзоркунӣ мушоҳида намешавад.
Роҳравҳои боғ аз асфалтҳои шебу фарози даврони собиқ иттиҳоди шӯравӣ иборат буда, дохили онро ҳамон дарахтони чинору беди куҳансолу қисме хушкшуда ва алафҳои бегона “ороиш” додааст. Ба ҷои гулу буттаҳои зебову дилрабо, ки мебоист мувофиқ ба талаботи ороиши боғҳо дар фосилаи дарахтон шинонида мешуд, ҷойи ин гулу буттаҳои ороиширо заминҳои хушку холӣ ва алафҳои чорвохӯр иҳота кардааст.
Тафсилот дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ