Президент ба Ҷопон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон, бо як сафари расмӣ ба Ҷопон рафт.

Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, ки сафари Раҳмон бо даъвати Токио аз 3 то 6-уми октябр баргузор хоҳад шуд.Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон шоми 2-юми октябр роҳии Токио шуд. Ба қавли манбаъ дар ин сафар Президентро  вазири корҳои хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш бо императори Ҷопон мулоқот хоҳад кард. Ҳамчунин, дидору суҳбатҳои ӯ бо сарвазир Шинзо Абе дар назар аст.

Ин сафари чаҳоруми Президенти   Тоҷикистон ба Ҷопон аз замони интихоб шуданаш ба ин мақом будааст. Шинзо Абе, сарвазири Ҷопон, соли 2015 бо як сафар ба Тоҷикистон омада буд.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон соли 1991 оғоз шуда, ин кишвар то ба имрӯз дар Тоҷикистон  тақрибан 400 барномаи хурду бузурги иҷтимоиро роҳандозӣ кардааст, ки муҳимтаринаш таҷдиди роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа−Панҷи Поён ва сармоягузории сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *