Абдушукур пушаймон ва  озод шуд

Мақомоти амниятии вилояти Суғд Абдушукур Ҳакимов, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки моҳи июл аз Маскав ба Хуҷанд истирдод шуд, баъд аз бозпурсӣ ва санҷиши қазияаш парвандаро қатъ ва худи ӯро озод кардаанд.

Прокуратураи вилояти Суғд мегӯяд, мақомоти амниятӣ алайҳи Ҳакимови 30-сола бо иттиҳоми “Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)” парванда боз карда буданд, вале бинобар “сидқан пушаймон шуда ва ихтиёрӣ баргаштани ӯ” парвандаи ӯро қатъ кардаанд.Мақомот гуфтанд, ки замони зиндагӣ дар Тоҷикистон Абдушукур Ҳакимов бо аъзои Ҳаракати исломии Узбекистон иртибот барқарор кард ва бо ҳамин сабаб ҳам мавриди шубҳа ва таваҷҷӯҳи мақомоти ҳифзи қонун қарор гирифт. Додситонии Суғд гуфт, ки нисбат ба Абдушукур Ҳакимов ҳанӯз се сол пеш бар асоси моддаи 307, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)” парванда боз шуда буд. Вале соли 2006 ӯ Тоҷикистонро тарк ва тамоми ин вақт дар берун аз кишвар зиндагиву кор кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *