Провокатсияи мухолифин  дар САҲА

Дар поёни рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава миёни баъзе аъзои ҳайати ҳукуматӣ ва мухолифони тоҷик муноқиша рух дод.

Рӯзи 11-уми сентябр лаҳзае, ки як фаъоли мухолифин — Сулаймони Орзу ба дасти Аёмиддин Сатторов, собиқ узви раёсати ҲНИТ навиштаҷоте рӯи коғаз бо матни «Зиндониҳои сиёсиро озод кунед» дода хост акси ӯро бигирад, муноқиша бархост. Як узви ҳайати ҳукуматӣ хост монеи ин рафтори  Сулаймони Орзу шавад. Ин ҳодиса дар беруни меҳмонхонае рух дод, ки дар он ду рӯз инҷониб ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари кишварҳои узви САҲА ҷараён дорад.Дар пайи ин ҳодиса Сулаймони Орзу ба сӯи мошине шитофт, ки дар он Айёмиддин Сатторов ва чанд нафари дигар нишаста буданд.РМуноқишаи  кӯтоҳи онҳо бо ҳаракати мошини сафорат аз он макон  анҷомид. Аёмиддин Сатторов, ки қаблан узви Раёсати ҲНИТ (ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ) буд,  ахиран ба Тоҷикистон баргашту изҳорот дода буд, ки дигар узви ҲНИТ нест ва ин ҳизбро дар талоши бесубот кардани кишвар гунаҳгор кард. Рӯзи 10 сентябр Сатторов дар ҳайати ҳукуматӣ аз Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи САҲА омад. Як намояндаи масъули ҳайати ҳукумат гуфтааст,ки «ин як тавтеа (провокатсия) буд» ва «ин ҷавон махсус ин корро кард, то ки моҷаро бархезад». Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, «ҳодисае, ки чанд соат қабл рух дод, сатҳи бархӯрду эътирози баъзе афродро намоиш дод. Мо аз хӯроки нисфирӯзӣ бармегаштем. Намояндагони мухолифин омада, аксу шиорҳои худро ба мо нишон медоданд.Лаҳни суханашон «провокатсионӣ» буд. Онҳо мошини сафирро заданд. Намояндагони пулис омад ва наворро аз дурбинҳои назоратӣ дид. Чанд намояндаи мухолифинро пурсиш карданд. Масъули БДИПЧ дар ҷаласа аз ҳайати ҳукумат узр хост.» Як мухолифи дигар -Вайсиддин Одинаев аз он нигаронӣ кард, ки «САҲА дар ин ҳодиса тарафи ҳукуматро гирифт».​Ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари САҲА, ки рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Варшава ба кор сар кард, дар баробари фаъолони мухолифин дар хориҷи кишвар, аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, чанд мақоми баланпояи кишварро аз Душанбе ба ҳам овард. Дар як толори маҷлисгоҳи САҲА ду рӯз инҷониб баррасии вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷараён дорад.Дар миёни мухолифон — роҳбарон ва фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳам ҳастанд. Ин созмон бо як қарори Суди олии Тоҷикистон соли 2015 мамнӯъ ва террористӣ эълон шудааст. Мақомоти тоҷик ҳизбро дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи сентябри он сол гунаҳгор мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *