Қабилаи ваҳшӣ як амрикоиро кушт
Як масеҳии амрикоӣ дар Ҳиндустон ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо қабилае, ки бо ҳазорсолаҳо боз тамаддунҳои дигар иртибот надорад, кушта шуд. Амрикоии 27-сола дар ҷазираи Сентинели Шимолӣ — яке аз тудаҷазираҳои Андаманси халиҷи Бенгал, аз тири камон ба ҳалокат расид.
Қонунҳои Ҳиндустон вуруд ба ин ҷазираро, ки қабилаи маскунаш аз дастовардҳои тамаддун бебаҳра буда, дар шароити асри санг ба сар мебарад, мамнуъ кардаанд. Ҷавони кушташуда мехост ин қабиларо ба дини масеҳӣ ташвиқ кунад.Сайёҳӣ 27-сола Ҷон Аллен Чо шанбеи гузашта кушта шуд, аммо пулис марги ӯро танҳо рӯзи чоршанбе эълон кард. Биноба манбаҳои Reuters, Чо барои мулоқот бо қабилаи сентинелиҳо ба ин ҷазира рафта буд. Ба гуфтаи хабаргузории AFP, ӯ бо қоиқ худро ба ҷазира расонд.Чо дини масеҳиро тарқиб мекард ва панҷ дафъа ба ин минтақаҳои мамнуъи Андаманс ва Никобарс сафар карда буд. Талоши қаблии ӯ барои ворид шудан Сентинелс номуваффақ буд ва ин дафъа ӯ аз кӯмаки моҳигирҳои ҳинду истифода кард. Намояндагони қабила баробарои расидани Чо ба ҷазира ба сӯи ӯ аз камонҳои худсохт тир кушоданд. Ба гуфтаи моҳигирон онҳо диданд, ки чӣ тавр сентинелиҳо ба гардани Чо таноб андохат ӯро ба сӯе мебаранд Ҷасади Ҷон Аллен Чо рӯзи дигар дар соҳили Уқёнуси Ҳинд ошкор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ