Кумаки Олмон ба Тоҷикистон
Ҳукумати Олмон барои самтҳои афзалиятноки тандурустӣ, бахшҳои молия, энергетика, таълимоти касбӣ ва рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 млн. евро ҷудо менамояд.
Гуфтушуниди байниҳукуматӣ бо ширкати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Олмон ҳамчунин бо мақсади рушди муносибатҳо байни ду кишвар, баррасии муштараки ҳамкории ҷорӣ ва омодакунии гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2019-2020, ки баргузории он соли 2019 пешбинӣ мегардад, доир шуд.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва ҷониби Олмонро сардори шуъбаи «Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Лаос ва Камбоҷаи Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) Катрин Оллерс роҳбарӣ карданд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷумла, таъмир ва таҷдиди дармонгоҳҳои бемориҳои сил ва сохтмони дармонгоҳи кӯдаконаи бемории сил дар Мачитон, беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомила ва кӯдакони навзод, беҳтар намудани сифати ёрии таъҷилии тиббӣ, сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Рашт, ҳамчунин барқарор намудани инфрасохтори коммуналӣ баррасӣ гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои машварат санади дахлдор ба имзо расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз натиҷаҳои бобарори гуфтушунидҳо- ин ба мувофиқа омадани ҷонибҳо дар самти энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи НБО «Себзор» мебошад, ки дар амалӣ гардидани он қаблан ҷониби Олмон омодагии худро барои иштирок иброз намуда буд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ