Аброр Мирсаидов: Русия ба низоми нав ворид мешавад

Танишҳои ахир байни Маскав ва Киев таъсири худро на танҳо ба худашон, балки ба иқтисоди бештари кишварҳо расонд. Пӯшида нест, ки иқтисоди Тоҷикистон ҳам то андозае пойбанди Русия аст ва хоҳ-нохоҳ зарба мебинад. Рубли русӣ якбора аз 140-45 сомонии  ду ҳафта пеш, ҳоло аз 100 сомонӣ ҳам паст фаромад.

Зарбаро бештар муҳоҷирони тоҷик диданд, ки ба волидайнашон ҳамарӯза маблағ мефиристанд. Ҳоло маълум нест, ки пастравии рубл то кай идома мекунад ва вазъи Русия ва Украина бо чӣ меанҷомад. Вале яқин аст, ки ба иқтисодиёти кишварҳои ҳампаймони ин ду давлат таъсири амиқ мерасонад.  

Нигаронии муҳоҷирон аз коҳиши рубл

Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло вазъ дар кишварҳои Украина ва Русия муташанниҷ боқӣ мемонад. Муҳоҷирони тоҷик бошанд, нигарон аз онанд, ки бо шеваи пастравии рубл кор дар Русия маънояшро гум мекунад. “Ҳамагӣ 4 моҳ пеш қарз гирифта, ба Русия омадам. Дар як ширкате кор мекунам. Ҳамагӣ 30-35 ҳазор рубл даромад мегирам. Нисфашро хароҷот мекунам ва боқимондаашро ба Тоҷикстон мефиристам. Акнун бо ин пастравии рубл намедонам бори зиндагиро чӣ гуна пеш мебарем. Вазнин аст”,- мегӯяд яке аз муҳоҷирони тоҷик.

Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Ҷанг дар Украинаву Русия ва осеб ба иқтисоди Тоҷикистон

Дар ростои ҷанги ахир байни Русия ва Украина Аброр Мирсаидов, коршиноси масоили иқтисодӣ бар ин бовар аст, ки ин таҳримҳо оқибати хуб надоранд.

“Тоҷикистон давлати пасошӯравӣ аст ва дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил фаъолият мекунад. Робитаи зичи иқтисодӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ низ дорад. Дар ин ҷо нақши Русия ҳамчун давлати шарики стратегӣ барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Имрӯз дар ростои буҳрони ҳарбӣ миёни Русия ва Украина кишварҳои зиёде ба тарафи Русия таҳримҳоро ҷорӣ кардаанд. Иқтисодиёти ин кишвар сахт осеб мебинад. Албатта, ин коҳишёбӣ ба Тоҷикистон ҳам таъсир мегузорад. Зеро мо робитаи калони тиҷоратӣ дорем. Аз ҷумла, воридоти сӯзишворӣ, ки метавонад боз майли баландравӣ пайдо кунад. Масъалаи дигар, қариб 80 фоизи муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия ҳастанд. Дар ин давра даромади меҳнатии муҳоҷирон кам мешавад. Интиқоли маблағ, даромади аҳолӣ ва сатҳи зиндагӣ коҳиш меёбад. Аз ҷониби дигар, Русия бо ин кораш ба як низоми нав ворид шуда истодааст. Вақте ки низоъҳо ба охир мерасанд, талаботи иктисодиёти Русия ба захираҳои меҳнатӣ дучанд мешавад. Бонки миллии Русия тасмим гирифтааст, ки дар доираи давлатҳои ИДМ ва кишварҳои шарикаш, аз ҷумла Чин низоми моливии алтернативӣ боз кунад. Мавқеи асъорашонро мустаҳкам ва доираи тиҷоратро васеъ гардондан мехощанд. Мисли он ки замоне Қазоқистон ҳам дар дил орзу мепарварид”,- чунин андеша дорад Аброр Мирсаидов.

Пӯшида нест, ки иқтисодиёти Тоҷикистон ба Русия сахт вобаста аст. Ҳоло беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият мекунанд. Онҳо танҳо дар нимаи дувуми соли гузашта ба Тоҷикистон зиёда аз 750 миллион доллар фиристодаанд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *