Дар Украина чӣ мегузарад? Теъдоди иншооти харобгардида маълум шуд

Дар як рӯзи гузашта низомиёни рус Херсон ва Бердянскро иҳота карда, фурудгоҳи Геничевск ва Черобаевкаро таҳти назорат гирифтаанд.

Артиши Русия 975 иншооти зербинои низомии Украинаро тахриб кардааст. Дар ин бора ба хабарнигорон сухангӯи Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар додааст.

«То имрӯз Нерӯҳои мусаллаҳи Русия 975 объекти зерсохтори низомии Украинаро задаанд»,- гуфтааст ӯ.

Дар миёни онҳо 23 посгоҳи фармондеҳӣ ва маркази иртибототи неруҳои мусаллаҳи Украина, 3 нуқтаи радарӣ, 31 маҷмааи зиддимушакии С-300, Бук М-1 ва Оса ва ҳамчунин 48 истгоҳи радарӣ мавҷуданд.

— Низомиёни Русия 8 ҳавопаймои ҷангӣ, 7 чархбол, 11 ҳавопаймои бесарнишин ва 2 мушаки тактикии “Точка-У”-ро низ аз фаъолият баровардаанд,- менигорад Sputnik. 

Дар натиҷаи ин, дар ҷараёни амалиёти нави ҷангӣ 223 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 28 ҳавопаймо, 39 мушакандози чандкарата, 143 мошини низомӣ, 86 тӯпхонаи саҳроӣ ва миномёт нобуд карда шудаанд.

Рӯзи гузашта артиши Русия Херсон ва Бердянскро муҳосира карда, фурудгоҳи Геничевск ва Черобаевкаро зери назорат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми феврали соли 2022 Русия истиқлолияти ҶМЛ ва ҶМД -ро расман ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.

Пасон, Владимир Путин, президенти Русия аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод ва қайд кард, ки “вазъият иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад».

Илова бар ин, президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд. Вай афзуд, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд.

Дар Украина вазъият феълан муташанниҷ буда, Владимир Зеленский аз музокирот бо Русия дар Белорус худдорӣ кард. Ҷониби Русия гуфта буд, ки то соати 15:00-и рӯзи 27-уми феврал ҳайати Украинаро барои нишастан сари мизи гуфтугӯ интизор мешаванд. Дар сурати наомадан, хунрезии минбаъда низ ба дӯши кишвардори Украина вогузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *