Ҳабси блогер барои дағалгуфторӣ дар назди бинои парлумон

Раёсати Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошту ҳабси блогери тоҷик Шамшод Сулаймонов, ки бештар бо суханони қабеҳаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта шудааст, хабар дод.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Сулаймонов Шамшод Бахтиёрович, санаи таваллудаш 22.01.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, деҳаи Чорбоғ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда санаи 24-уми феврали соли ҷорӣ тахминан соати 18:00 дақиқа ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш ба болои автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 1001ОР03 баромада, бо овози баланд доду фиғон намуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии атрофиёнро халалдор сохтааст. Ҳамзамон, ин амали худро намоишкорона ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст, ки боиси вокунишҳои манфии истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ гардидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сулаймонов Шамшод тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд нисбати номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *