Қабули «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»
Чанде пеш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор вобаста ба қабул намудани “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” ба тавсиб расонида шуд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тафсир доданд, Барномаи мазкур дурнамо, самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро муайян менамояд. Он дар давраи амалишавиаш ҷиҳати ҳалли масъалаҳои омодагии захираҳои варзишӣ ва омода намудани варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаӣ нақши асосиро метавонад дошта бошад.
Барнома инчунин метавонад дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, пайдо намудани наврасону ҷавонони болаёқат, рушди инфрасохтори соҳаи варзиш, вусъат додани оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташкили клуб ва бахшҳои варзишӣ дар заминаи соҳаи маориф,воситаи асосӣ байни мақомоти ваколатдор бо дигар ниҳодҳоро фароҳам гардонад.
Ҳамчунин, дар доираи барномаи мазкур оянда ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои озод намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ (бозиҳои олимпӣ, Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Осиё, шоҳҷоиза ва шоҳҷомҳои ҷаҳон) аз пардохти маблағи таҳсили шартномавӣ ва ҳангоми гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ, дар заминаи яке аз мактабҳои маҳорати олии варзишӣ таъсис додани маркази тайёрии дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ, таъсис додани тахассуси махсус оид ба омода намудани табибон ва ғайраҳо пешбинӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ