Нақшаи даъват 100% иҷро шуд

Вазорати дифои Тоҷикистон  27 май  аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи даъват  100% иҷро гардид. Дар кишвар аввалин шуда, чор навоҳии пойтахт нақшаи даъватро иҷро карданд. Пас аз ин вилоятҳои Хатлону ВМКБ ва Суғд аз иҷро нақша хабар доданд. Аз ҳама ахир навоҳии тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳориро иҷро намуд.

Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш 1 апрел шурӯъ гардид ва имрӯз, 31 май ба анҷом расид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *