Адибаи Азиз: Ман хоҳари Комроншоҳам!

Адибаи Азиз, шоираи тоҷик ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шеъри наваш Комроншоҳи Устопириёнро, варзишгари ҷавони тоҷикро, ки аз ҷониби Кумиати ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ки барои ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ маҳрум шуд, пуштибонӣ кардааст.

Ин шеър бо номи «Рустами Дастон» ном дошта, дар саҳифаи Фейсбуки Адибаи Азиз нашр шудааст:

РУСТАМИ ДАСТОН

Ман хоҳари Комроншоҳам,

Ман Зулайхои сари роҳам.

Касе ҷонибам санг партояд,

Маро нанг ояд.

Таҳқираш хоҳам кард.

Касе ҳақамро гирад,

Садо баланд хоҳам кард:

-Ноҳақӣ!

Бисмиллоҳи баъзе аз қаламкашон,

Ҳақорат аст, аммо овози худро намешунаванд.

Комроншоҳ марди кӯҳистон аст,

Саропо ғурур,

Бозуи зӯр,

Эҳсоси боло дорад,

Дар дилу дидаи мо ҷо дорад.

Баъди ин метарсам,

Ки шӯру шарар надорад.

Ҳанӯзам хабар надорад, ки…

Ҷоизаи қимматтарини дарёро ба шаст овард,

Марвориди муҳаббати мардумони дунёро ба даст овард!

Арзандаи сад достон аст,

Паҳлавон аст,

Рустами Дастон аст!

Комроншоҳи Устопириён, варзишгари ҷавони  тоҷикро Гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳати ҳукумати Тоҷикистон дар пайи санҷиши рафтораш  барои ду сол – аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 — аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ маҳрум кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *