Қубодиён: Марги 2 кӯдак дар сӯхтори хона

Ду ноболиғ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бар асари сӯхтор ҷон бохтаанд. Аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфтанд, ки ҳодиса шаби 3 ба 4 март дар манзили хонаводаи Ҳаитовҳо воқеъ дар деҳаи Қиёти ҷамоати деҳоти Носири Хусрав иттифоқ афтодааст. Тоҷиниссо Шарифова, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба нақл аз кормандони оташнишонӣ гуфтааст, ки ин ҳодиса соатҳои тақрибан 12 шаб рух додааст ва Субҳониддини 7-сола ва Сумайяи 5-сола дар пайи ин оташсӯзӣ ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ба дигар аъзои ин хонавода осеб нарасидааст. Масъулини сабаби оташсӯзиро расиши ноқилҳои барқ гуфтаанд. Аз ҳукумати Қубодиён гуфтанд, ки раиси ноҳия ба ҷойи ҳодиса рафта ва бо ин хонавода ҳамдардӣ изҳор намуда ва кӯмак расонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *