Афғонҳо ба Президенти Тоҷикистон арзи сипос карданд
Тибқи иттилои котиботи Президент, Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ба сӯи Истироҳатгоҳи «Чорчаман» бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Президенти Тоҷикистон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати сарироҳӣ анҷом дод.
Котиботи президенти Тоҷикистон мегӯяд, сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Раҳмонро ба ноҳияи Дарвоз хайрамақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипос кардаанд. А.А.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ