Афғонистон: Идомаи ҳамлаи хунини Толибон

Ҷангҷӯён дар Афғонистон бо ҳамла ба чанд посгоҳи амният дар ҷануби кишвар 20 маъмури амниятиро куштаанд. Гулислом Сайол, сухангӯи ҳукумати вилояти Зобул рӯзи 21-уми май гуфт, ки ҳамлаҳо шаби 20-уми май шурӯъ шуд ва дар ҳамла ба посгоҳҳои амниятии ноҳияи Шаҳҷой 10 маъмури амниятӣ ва пулис кушта шуданд.

Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд. Ва дигар инки афроди номаълум як зани олмонӣ ва муҳофизи ӯро дар меҳмонсарое дар Кобул куштаанд ва як зани финландиро рабудаанд.

Каролина Романофф, сухангӯи вазорати умури хориҷии Финландия боздошти шаҳрванди кишварро таъйид кард, вале аз ин бештар чизе нагуфт. Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ хостори раҳоии фаврии ин зан шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *