Мулоқоти аввалини Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар, аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Валиаҳди Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳаён, Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад бин Исо Олӣ Халифа ва Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ мулоқотҳои судманду самимӣ ва созанда доир карданд.

Зимни суҳбатҳо, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт масоили ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидор ва мулоқот бо ҳамтоёни худ изҳори қаноатмандӣ карда, ин вохуриҳоро таконбахши рушду густариши муносибатҳо маънидод намуданд.

Ҳамин тавр Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати мусоид бо аксари онҳо ба хотири рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар чаҳорчуби равобити дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам масоили ҳамкориро баррасӣ қарор доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *