Гунаҳгорони ҳамла ба афсари КДАМ ва милиса  боздошт шудаанд

Мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки муттаҳамон ба ҳамла ба афсарони Кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилиро дастгир кардаанд. Як манбаи мӯътамад дар мақомоти интизомӣ рӯзи 21-уми май ба гуфтааст,ки дар робита ба ҳамла ба афсари Кумитаи амният се нафар ва як нафари дигар дар робита ба латукӯби афсари милисаи зан дар минтақаи Кӯлоб дастгир шуданд.Ба гуфтаи ӯ, ин афрод, ки сокинони худи Кӯлоб ҳастанд, рӯзҳои 20 ва 21-уми май дастгир шуданд, вале то кунун расман ба онҳо айб эълон накардаанд. Ангезаҳои ҳамла танҳо пас аз эълони айб гуфта мешавад, вале ҳоло дақиқ шудааст, ки ҳамла ба афсари амният ва милиса ҳеҷ пайванде ба ҳам надоранд.”“Танҳо ҳаминро гуфта метавонем, ки ҳамла ба корманди милиса ва ба корманди амният ҳодисаҳои ҷудогона ҳаст ва ба ҳамдигар рабт надоранд” — гуфт ӯ.Рӯзи 13-уми май афроди ношинос ба як афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази Кӯлоб ҳамла карда ва ӯро 24 корд задаанд. Додситонии шаҳри Кӯлоб бо моддаи “сӯиқасд ба куштор”, парванда боз кард. Афсари маҷрӯҳро барои идомаи муолиҷа ба шаҳри Душанбе бурдаанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *