Президенти Тоҷикистон бо Трамп ва дигар президентҳо вохӯрд

Президенти  Тоҷикистон рӯзи 21-уми май бо Доналд Трамп, президенти Амрико, дар шаҳри Риёз мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи саммити кишварҳои мусалмонӣ ва Амрико дар Арабистони Саудӣ, инчунин, бо Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев – раҳбарони Узбекистону Қазоқистон – гуфтугӯ намудааст. Ин нахустин дидори Раҳмон бо роҳбарони Амрикову Узбекистон аз замони ба қудрат расидани онҳост. Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти президент дар ихтиёри расонаҳо гузошт, дида мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев, президенти  Озарбойҷон ва Муҳаммад Ашрафғанӣ, президенти  Афғонистон низ суҳбат доштааст. Саммити кишварҳои мусалмонӣ ва Амрико рӯзи 21-уми май дар шаҳри Риёз ҷараён гирифта ва мавзӯи аслии суҳбат мубориза бо ифротгароиву терроризм буд. Президенти  Тоҷикистон дар суханронии худ аз бархӯрди дугона бо ин мушкили ҷаҳонӣ ва инчунин талоши сиёсикунии ислом нигаронӣ кард. Доналд Трамп, президенти  Амрико аз раҳбарони кишварҳои арабӣ даъват кард, ки бо “ифротгароии исломӣ” муқобила кунанд. Ӯ рӯзи 21-уми май зимни суханронӣ дар ҳузури даҳҳо раҳбари кишварҳои мусулмоннишин дар шаҳри Риёз дар Арабистони Саудӣ гуфт, ҷанг бо терроризм “набарди хайр бо шарр аст”, на бархӯрди тамаддунҳо. Дар саммити шаҳри Риёз раҳбарону мақомоти баландпояи 50 кишвари мусулмоннишин ҳузур доштанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *