Ҳафт даво: фоидаи гӯшт ва пешгирӣ аз хирашавии чашм
Гӯшти сурх
Табибон мегӯянд, ки гӯшти сурх нисбат ба гӯшти сафедчатоб манфиатбахштар аст. Аксарият гӯшти сурхро зараровар меҳисобанд ва аз гӯшти сафедчатоб истифода мебаранд. Аммо намедонанд гӯшти сафедчатоб равғани кам дошта, калориянокиаш ба андозаи гӯшти мурғ мебошад. Таҳлилҳо муайян карданд, ки агар дар сад грамм гӯшти мурғи бо ҷуворимакка парваришёфта 129 калория ва 4,8 грамм равған бошад, дар 100 грамм гӯшти сафедчатоб 135 калория ва 4,8 грамм равған дида мешавад, ки аз гӯшти мурғ камӣ надорад. Ҳамчунин, фоидабахшии гӯшти сурх дар он аст, ки дар таркиби худ 3 баробар зиёд моддаи оҳан ва 4 баробар зиёдтар элементи таркибии рӯҳро доро буда, имунитети баданро зиёд менамояд.
Нони сафед
Нони сафед яке аз маҳсулоти ғизоӣ маҳсуб ёфта, бо сабаби калорияи кам доштанаш камистеъмол аст. Аммо нони сафед аз витамини В ва гурӯҳи аминокислотаҳо бой буда, дар таркибаш минералҳои калсий ва оҳан вуҷуд дорад. Ҳамчунин, дар таркибаш моддаҳое, ки барои саломатии инсон муфид аст, мавҷуд буда, бемориҳои дилу саратонро пешгирӣ менамояд.
Равғани зард
Пешгирӣ аз хирашавии чашм
Равғани зард низ ба инсон фоидаовар буда, дар таркиби худ витаминҳои А, Д, Е, С ва калсиву фосфор дошта, аз аминокислотаҳо бой мебошад. Равғани зард ба ҳуҷайраҳои асаб фоидабахш буда, биноии чашмонро зиёд ва аз хирашавӣ эмин медорад. Ҳамчунин, устухон ва мушакҳои баданро мустаҳкам нигоҳ медорад. Табибон тавсия медиҳанд, ки агар инсон дар як рӯз ду дона бутербуродро бо равғани зард истеъмол намояд, на танҳо миқдори холестеринро дар рагҳо зиёд мекунад, балки организмро бо антиоксид бой мегардонад.
Картошка
Картошка дар таркиби худ моддаҳои фоидабахши зиёд дорад. Бино — бар тадқиқоти олимони соҳаи тиб, картошка дар баробари бой будан аз калий, ҳамчунин дар таркиби худ витамини С низ дорад. Дар таркиби картошка ба ғайр аз кислотаи аскорбинӣ, боқимонда ҳамаи намуди гурӯҳи витаминҳои В, кислотаи фолеивӣ, намакҳои калсий, магний ва моддаҳои фосфору калий дида мешавад. Крахмал моддаи ягонаест, ки аз ҳама бештар дар таркиби картошка мавҷуд аст ва ба ҳамин хотир картошка метавонад, барои ҳазми хӯрок кӯмак намояд.
Тухм-давои қадбаландӣ
Дар бораи тухм низ табибон тавсияҳои ҷолиб додаанд. Аммо дар даҳсолаи охир дар хусуси тухм фикрҳои манфӣ зиёд шунида мешавад. Баръакси ин гуфтаҳо, зимни як тадқиқоте, ки олимони соҳаи тиб гузаронидаанд, дақиқ карда шуд, ки пӯсти тухм аз моеи тухм дида, фоидаи бештар доштааст. Дар натиҷаи тадқиқот маълум гардидааст, ки дар таркиби пӯсти тухм аз ҳама бештар моддаҳое дида мешавад, ки барои дароз кардани қад мусоидат мекунад. Ҳамчунин, тухм аз миқдори зиёди витаминҳо ва минералҳо бой мебошад.
Шир- давои ҷигару асаб
Ширро аз ҳама хӯроки сабук мегӯянд. Ба гуфтаи табибон, дар таркиби 100 грамм шир, 3,2 г равғани сабук, моддаҳои фосфор, калсий, витаминҳои А, В ва Д дида мешавад. Шир фаъолияти кори дилу ҷигар, майнаи сар ва асабро муътадил нигоҳ медорад. Дар сурати истеъмоли 1 литр шир дар як рӯз, организми инсон ба худ миқдори зиёди калсий, фосфор, рибофлавин, 50 фоизи протеин, 33 фоизи витамини А ва аскарбину кислотаҳоро мегирад.
Меваҳо қандофар нестанд!
Истеъмоли меваҳои ширинро табибон тавсия медиҳанд. Бархе бар он назаранд, ки меваҳои ширин миқдори қанди хунро баланд мекунад, аммо ин ғалат аст. Қанде, ки дар таркиби меваҳо дида мешавад, ба қанди хун ҳеҷ иртиботе надорад. Аз ин рӯ, истеъмоли меваҳои ширинро табибон маслиҳат медиҳанд. Яхмосро яке аз шириниҳо, “десертҳо”-и беҳтарин меноманд. Шояд ба ин бовар накунед, лек тибқи тадқиқоти олимони тиб, яхмос намуди аз ҳама беҳтарин ширинӣ дониста шудааст. Ба андешаи табибон яхмоси ҳақиқӣ дар таркиби худ моддаеро доро мебошад, ки барои чеҳраи инсон муфид аст. Олимони англису фаронсавӣ иброз доштаанд, яхмосе, ки аз шири хонагӣ ва қаймоқ омода карда мешавад, асабро ором нигоҳ дошта, хоболудиро бартараф месозад. Дар баробари ин, бетоқатиро низ рафъ месозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ