Рӯзи Конститутсия муборак

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди замони Истиқлолият, таҷассумгари орзуву ормони миллат, нишон аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрии халқи тамаддунсози тоҷик, ҳуҷҷати сарнавиштсози давлат, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкимбахши манфиатҳои милливу давлатӣ, ифодагари қудрат, нерӯ, ҷасорат ва хираду матонати тоҷикони сарбаланд, аз ҳама асос, баёнгари соҳибихтиёрии халқ ва эҳёкунандаи асосҳои сохтори конститутсионӣ дар мамлакат мебошад, ки дар тӯли 24 – соли амали хеш баҳри рушд ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон нақши басо арзандае бозидааст.

Дар воқеъ, ҳамаи он дастоварду пешравиҳое, ки дар заминаи Конститутсия ба Тоҷикистони азиз муяссар гардиданд, беҳисоб буда, аз муҳиммияту арзишмандии Конститутсия чун Қонуни асосии давлат гувоҳӣ медиҳанд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба Конститутсия, эътироф, риоя ва иҷрои меъёрҳои он, инчунин ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф кардани ҳар як ҳарфи он вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ Шуморо ба муносибати Ҷашни 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош мегӯям!
Таманнои онро дорам, ки дар фазои кишвари азизи мо кабӯтари сулҳ ҳамеша пар занад, пешравиҳои нав ба нав ба вуқӯъ пайвандад, қонунияту адолат ҷовидона боқӣ бимонанд ва Тоҷикистони бузурги мо ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар ноил гардад. Халқи тоҷик ҳамеша саломату сарбаланду муваффақу хушбахт бошад!
Бигзор, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ тӯли ҳазорсолаҳои дигар, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи давлату ҷомеа, ифодагари арзишҳои миллӣ, таҳкимбахши пояҳои сиёсии давлат, роҳнамои мардум ва амаликунандаи тамоми умеду ормонҳои халқи бузурги тоҷик дар ҷаҳон бошад!!!
Ҳамидзода Манучеҳр

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *