Ғафуров: Ба ҷои салла калла

Директори  як мактаб дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гурӯҳе аз хонандагонро, ки гуё бе либоси тавсиявӣ ба дарс ҳозир шудаанд,  берун аз бинои мактаб кардааст. Ин ҳолат рӯзи 04-уми октябр ба қайд гирифта шуд, ки он рӯз ҳаво нисбатан сард буд ва аз ин сабаб хонандагон бо либосҳои нисбатан гарм ба мактаб омадаанд. Харчанд либосхои мактабии онхо дар зери жемпиру плашхо буд, директор бо харфхои дурушт онхоро пеш кард. Волидони хонандагон мегуянд, магар дар ин сарди мещавад кудаконро бо костюм ба мактаб гуселонид.

Директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и Ёва Манижа Азимова гуфт:- “Онҳо 10-15 нафар байнашон писарбачаҳо ва духтаракон буданд. Ҷемпер пӯшидагӣ буданд лекин аз болояш пиҷак ва ё доман рикобашон набуд. Барои ҳамин мо гуфтем, ки хонатонба рафта аз нав либосро пӯшида биёед. Чунки ҳоло барои оғози дарс вақт буд.”

Дар ҳамин ҳол аз Раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯяд, ки хонандагон дар фасли сармо имкони аз болои либоси тавсиявӣ ба бар кардани ҳамаи намуди либосҳои гармро доро ҳастанд. Дар фасли тирамоҳу зимистон хонанагон бояд бо кадоме аз либос ба мактаб ҳозир шаванд. Ин дар холест, ки хонандагон аз болои либоси мактаби жемпиру плащ ба бар карда буданд, ки ба низомнома мухолиф нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *