Салтанат Мирзоева: Нилуфарамро аз марг наҷот диҳед!

Дар зиндагӣ гоҳо ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки маҷрои зиндагии нафақат як нафар, балки тамоми як хонаводаро билкулл тағйир медиҳанд: Ҳама нақшаҳо як тараф мемонанд, дафтари ҳама орзуҳо пӯшида мешаванд ва кас дар банди гирдоби зиндагӣ ҳайрону музтар ва чунон бепуштибон мемонад, ки фикр мекунад, касе ба ҷуз Худо дар фикри ӯ нест…

Нилуфар Сатторова, ки ҳамагӣ 26 сол дорад, инак бори сеюм дар зиндагиаш дар чунин гирдоб меафтад, гирдобҳои пурталотум, ки на ҳар мард ба гузаштанаш қодир аст. Чӣ расад ба ин духтари ҷавону муштипар.

Бори аввал 5 сол пеш, вақте падараш мурд, ӯ чанд муддат намедонист, чӣ кор кунад. Вале бо кумаки модараш Салтанат Мирзоева худро ба даст гирифт ва таҳсилаш дар филиали Донишгоҳи молиявии Русия дар шаҳри Омскро дар соли 2015 хатм кард ва бо дипломи яке аз мӯътабартарин донишгоҳҳои Русия ва бо ихтисоси иқтисоддон бо сари баланд ба Ватан баргашт.

Аммо ӯро дар Ватан гирдоби дуюми зиндагӣ мунтазир буд. Салтанат Мирзоева, модари Нилуфар дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт: «Қариб ду сол кор кофт дар Тоҷикистон. Сад ҷо ваъдааш карданд, вале дар ягон ҷо кораш нагирифтанд. Маълум-ку, дар Тоҷикистон то ягон тағо набошад, кор ёфтан осон нест. Ҳатто бо дипломи донишгоҳи мӯътабари Русия! Нилуфар ҳам ноилоҷ маҷбур шуд, ки боз ба Русия баргардад.”

Нилуфар ба шаҳри Омск баргашт ва дар идораи муҳоҷират кор пайдо кард. Аз муҳоҷирон имтиҳони забони русӣ мегирифт ва то ҷое метавонист, ба ҳамватанҳояш, ки барои таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон ба ин мулки ғурбат афтода буданд, кумак мекард. Нилуфар ҳамзамон барои кор дар артиши Русия ариза дод ва мунтазир буд, ки ин абрҳои тира аз осмони зиндагиаш билохира тай мешаванд ва рӯзҳои неке барояш фаро мерасанд.

Вале ӯро дар пеш гирдоби сеюми зиндагӣ мунтазир буд.

Шаби 5 апрели соли 2017, соати тақрибан 21, вақте Нилуфар Сатторова аз ҷои кор ба хона бармегашт, дар як гузаргоҳ як мошини «Опел” пахшаш кард. Суръати мошин хеле баланд ва ба ин далел, зарбае, ки Нилуфар хӯрд, чунон сахт буд, ки ӯро 30 метр дур партофт.

Духтари ҷавоне ки ҳамагӣ лаҳзае пеш дар дилу сар ҳазору як нақшаву орзу ва дар батнаш тифли алакай панҷмоҳа аз роҳ мегузашт, дар як они воҳид ба як тӯдаи гӯшту рӯдаву устухон табдил ёфт.

Салтанат Мирзоева, модари Нилуфар, ки баробари шунидани хабари садамаи духтараш роҳи Русияро пеш гирифт ва алакай ду рӯз баъд – 7 апрел – худро ба Омск расонд, мегӯяд: «Касе бовар надошт, ки баъди чунин зарба зинда бошад. Раҳгузари якум ӯ мурдааст гуфта, ҳатто ба болояш як кӯрпа партофтааст. Вале раҳгузари дуюм, хушбахтона, набзашро месанҷад, ки зинда аст ва «Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват мекунад. Бовар кунед, табибон дар ин 6 моҳ Нилуфарро гӯё пурра аз нав дӯхтанд. Фақат аз сараш се маротиба ҷарроҳӣ шуд. Дар баданаш изи боз дасти кам 8 ҷарроҳии дигар ҳаст. Дарунашро чанд бор ҷарроҳӣ карданд, ман ростӣ, ҳисобашро гум кардаам. Тифлаш ҳам дар батни ӯ ҷон дод аз он зарба.”

Рӯзи 7 апрел аз Маскав, аз вазорати мудофиаи Русия барои Нилуфар номаи ҷавобӣ омад, ки ӯро ба кор қабул кардаанд ва бояд барои хидмат ба кишвари Краснодар биравад. Аммо ин нома замоне расид, ки ин духтари тоҷик Краснодар рафтан он тараф, ҳатто аз ҷо хеста наметавонист ва барои зинда мондан бо марг дастбагиребон буд.

Шаш моҳ аст, ки ин духтари тоҷик барои зинда мондан мубориза мебарад. Дар ин муддат дар паҳлуяш ҳамагӣ чанд нафар, аз ҷумла модараш монд, бисёриҳо дигар худро канор гирифтанд. Шавҳари Нилуфар низ зиёд тоқат наовард ва рафт.

Салтанат Мирзоева, модари Нилуфар мегӯяд, азобе ки дар ин ним сол кашиданд, фақат худашон медонанду Худо: «Ҳам пули иҷораи манзил, ҳам зиндагӣ, ҳам доруву дармони духтарам. Барои ман, як модари танҳо, ки 4 фарзанд дар гарданам ҳаст, хеле сахт буд. Ҳар дору 1500 то 2000 рубл. Ҳафтаи гузашта ду рӯз пул надоштам, ки доруҳояшро бихарам ва аҳволаш якбора бад шуд. Марде ки духтари маро зада, абгор кард, дар ин шаш моҳ як бор ҳам суроғамон накард, як сӯм ҳам барои табобати Нилуфар кумак накард.”

Ронандаи он «Опел” як марди 47-солаи маҳаллӣ будааст. Адвокати вай ба модари Нилуфар гуфтааст, ки он мард расман бекор кард ва аз ӯ умедвори ягон кумак нашаванд.

Баъди шаш моҳи табобат Нилуфар ҳоло дар дохили хона мустақилона қадам мезанад, вале бо кумаки ходунок. Дар кӯча бояд ҳатман касе бағалаш бигирад, вагарна аз по меафтад.

Салтанат Мирзоева мегӯяд: «Мо охир аз вай на ҷуброн хостем, на товон. Гуфтам, ки ҳамаи табобатро не, ақалан ними харҷи табобати Нилуфарро бидиҳад, вале кӣ моро гӯш мекунад? Дар ин шаҳри мардум бепуштибону бетакягоҳ ҳайрон мондаем. Ақалан парвандаро то ҳол ба суд насупоридаанд, ки яктарафа шавад ва ман Нилуфарро ба Тоҷикистон барам. Харҷи зиндагӣ дар Омск вазнин аст, зӯри мо намерасад.”

Бо гузашти инак ним сол аз садама ин парвандаро то ҳол барои муҳокима ба додгоҳ надодаанд. Салтанат Мирзоева мегӯяд, ки онҳоро бепуштибон дида, касе аз мақомоти Омск дар фикрашон нест. Ӯ ҳоло аз ҷамъиятҳои тоҷикони Омску вилоятҳои атроф ва аз консули Тоҷикистон дар Новосибирски ҳамсоя Шамсиддин Қурбонзода Зардӣ дар ин роҳ кумак мехоҳад.

Бовар дорем, ки Шамсиддин Зардӣ, ки фарзанди як марди барӯманд аст, ҳатман ба кумаки ин модару духтари муштипари тоҷик хоҳад расид ва ҳақро дар ин қазия ба ҳақдор мерасонад. Салтанат Мирзоева мегӯяд, ӯву духтараш ғайри ҳамин ки ҳақ ба ҳақдор бирасад, тамаъи дигаре надоранд.

Ҳамватанҳои хайрхоҳе ки мехоҳанд ба ин модару духтар дасти ёрӣ дароз кунанд, бо ин шумора бо Салтанат Мирзоева тамос бигиред:

89514071424

Viber: +79514071424

Рақами корти кредитии Салтанат Мирзоева дар «Сбербанк”:

63900245 9008539604

Saltanat Mirzoyeva

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *