Афзалият ва камбудии муҳоҷират ба Амрико
Муҳоҷират тасмими бисёр ҷиддӣ аст. Аслан ба муҳоҷират то синни 40-солагӣ ва ё аз ҳама дер то 45 бояд рафт, бахусус агар шумо мехоҳед барои доимӣ дар давлати дигар зиндагӣ кунед. Дар синни аз 45 боло ҷараёни муҳоҷират каме сахттар паси сар мешавад.
Аслан, ҳар як муҳоҷир то панҷ сол барои ҷо ба ҷо шудан дар давлати нав вақт сарф мекунад. Баъд аз панҷ сол дигар як бахши он ҷомеа мешавед. Бахусус дар Амрико, ки аксари харидҳо тавассути қарз ва шартномаҳо сурат мегиранд, шуморо барои муддати тӯлонӣ пойбанди ин кишвар мекунад.
Аммо агар тасмими ҷиддӣ гирфитеду 100 дарсад розӣ шудед, ки ҷойи зистатонро иваз кунед, пас дар муқоисаи Русияву кишварҳои собиқ шӯравӣ ва як қисмати Аврупо, Амрико ҷойи хуб аст. Ҳатто фикр накунед ва ба грин корт супореду дуо кунед, ки гузаред. Дар инҷо агар шумо нерӯ ва хоҳиши кор доред, кор меёбед. Аз ҳама мушкил дар рӯзҳои аввал дарёфти хона аст ва пайдо кардани кор. Кадом намуди коре набошад, онро бояд бигиред, зеро оҳиста-оҳиста кори беҳтар ва ба дилатон наздикро меёбед. Албатта инҷо ҳеҷ кас моро интизор нест. Тамоми обрӯву нуфузу ҷоизаҳои байналмилалӣ ҳамааш муддате як тараф меистанд ва вазифаи асосӣ зинда мондан ва мутобиқ шудан мешавад. Барои одамони эҷодкор ин давра каме дарднок аст, аммо барои муҳоҷирони дар Русия рӯзи сиёҳ дида, баръакс гузариш ба биҳишт ҳисоб мехӯрад. Ба ҳар сурат, дар инҷо тоҷи зарринро аз сар як тараф гирифта, аз паси кор мешавед.
Маош ба таври миёна аз 15 то 25 доллар дар як соат пардохт мешавад ва агар ду нафар дар як ҳафта 40 соат кор кунанд, ин барои зиндагӣ пурра мерасад ва боз пасандоз мекунед. Маблағи иҷора аз 1400 то 1800 доллар барои як моҳ дар якхонагӣ аст. Якхонаҳои Амрико ҳисоби духонагии Шӯравӣ аст. Сарфи нақлиёт, телефону интернет ва барқ иловатан 500 доллари дигар аст. Боз 500 доллар барои ғизо шояд сарф шавад. Дар моҳҳои баъдӣ сарфи ғизо мувофиқ ба хоҳиш боло меравад.
Акнун муҳоҷират дар Амрико чӣ бадиву хубӣ дорад?
Камбудӣ
1. Инҷо кор доимӣ нест. Дар тӯли зиндагӣ мешавад, ки чандин ҷойи корро иваз мекунед.
2. Низоми тадурустӣ каме печида аст.
3. Бе мошин аз ҷое ба ҷое рафтан сахттар аст, чун шаҳрҳо хеле калонанд.
4. Бисёр чиз ба тартибот сахт вобаста аст, баъзан одамон мисли робот амал мекунанд.
5. Дар Ню Йорк таракан — нонхӯрак, муш ва канна зиёд аст, бояд эҳтиёт шавед.
6. Банг ё вид озод дар Ню Йорк фурӯхта мешавад ва шаҳрвандони собиқ кишварҳои Шӯравӣ ҳам хеле зиёд муътоди он ҳастанд.
7. Инҷо иҷоранишин ҳастед. Ба қавле пул дар ҳаво. Бояд талоши харидани хонаи худро кард.
Хубиҳо
Хубиҳо хеле бисёранд.
1. Озодӣ. Ҳеҷ кас ба касе кор надорад. Танҳо тоҷикону ӯзбекону ҳамон мардуми шӯравӣ дар ин ҷо ҳам ба сару либосу намуди зоҳирии ҳамдигар кордоранд. Барои мардуми оддӣ ин аҳамият надорад. Ман боре шорти пӯшидам, як ҳамсояи душанбегиамон ба ман эрод гирифт. Баъдан фаҳмидам, ки дар як маърака шортии маро таҳлил кардаанд.
2. Хонаҳо хеле гарм, рӯшан аст. Тозагиро риоя кунед, хеле роҳатанд. То суд қарор набарорад, ҳеҷ кас шуморо аз хона пеш намекунад.
3. Милиса ҳар қадам шуморо беасос тафтиш намекунад. Агар қонун ё тартиботро вайрон кардед, ба шумо мефаҳмонанд ва ба қавле бо ханда “лой мемоланд”. Ва боз раҳмат мегӯед. Зимнан милисаи инҷо воҳимаро дӯст медорад. Дар як дам юву-юв карда, милисаҳои зиёд ҷамъ мешаванд, якбора мошини оташнишон ва ёрии таъҷилиро ҳам бо худ меоранд.
4. Дар охири сол агар даромади шумо аз меъёри зиндагии сокинон кам бошад, давлат ба шумо барои тарбияи кӯдакон ёрдампулӣ медиҳад. Барои ҳар як кӯдак то 3500 доллар барои як сол.
5. Мактабҳо хеле хубанд ва бо падару модар ҳамкории зич доранд. Кӯдакон мактабро инҷо хеле дӯст медоранд ва ҷойи бисёр дӯстдоштаниашон аст. Дар мактаб 2 вақт хӯроки ройгон медиҳанд.
6. Инҷо қариб ки гуруснагӣ нест. Чизе хоҳед, мехаред ва мехӯред. Либос фаровон, ба ҳар нарх. Аз 1 доллар то 20 000 доллар. Дуруст аст, ки рӯзҳои аввал ҳатто барои харидани кофе шахсро ваҳм фаро мегирад. Як финҷон қаҳва 5 доллар? Ин 50 сомонӣ аст! Аммо баъдан арзиши хариди шумо аз 10 то 1000 долларо ташкил медиҳад ва ин it’s ок мешавад.
7. Муҳоҷирон дар муддати кӯтоҳ сарватманд мешаванд ва аз тарзи пӯшиши либос ва суханрониашон аллакай вазъи иҷтимоии онҳоро мешавад муайян кард.
8. Барои камбизоатҳо табобат ройгон аст.
Бисёр ноодамҳо агар ноодамӣ кунанд, баҳона мекобанд, ки инҷо Америка аст. Ман ба онҳо мегӯям, ки рӯята сиёҳ кардӣ. Аслан инхел ноодамон дар ҳамон ватани худ ҳам фиребгару қаллобу иғвогару рӯсиёҳ буданд ва инҷо омада бадтар мешаванд.
Дар инҷо ба умеди ҳеҷ кас шудан лозим нест, дуруст аст, ки одамон вақт надоранд. Аммо, мутаассифона, маҳалгароии ҷамъияти тоҷикон дар инҷо ҳам дида мешавад. Дар аксари ҳолат агар ягон ҳаммаҳали муваффақ надошта бошед, ҳеҷ кас кумак ҳам намекунад, барои ҳамин, танҳо ба умеди худ бояд буд. Аксаран бисёриҳо воҳима ва намоиши дороӣ мекунанд, ки аз он ба шумо як тин ҳам фоида нест. Агар мабодо доданд ҳам, даҳ маротиба акс гирифта, ба ҳама намоиш дода, онро қарз медиҳанд.
Баъзе одамони хайрхоҳ ҳастанд, аммо онҳоро ҳам қаллобону иғвогарон аз хубӣ кардан пушаймон кардаанд. Гуруҳи дигар бо ин вуҷуд ба одамони навомада дасти кумак мерасонанд.
Лекин бо ин ҳама наздик ба ҷамъияти худ зиндагӣ кардан хубиҳои зиёд дорад. Одамони нағз ва дӯстони хуб кам нестанд.
Аз ин ки ситораву дурдонаҳои ҷомеаҳои аксари ҷаҳон дар Амрико зиндагиашонро аз саҳифаи холӣ шуруъ мекунанд, ин дарди давлатҳои онҳост, ки ин сарватҳои зеҳнии худро нигоҳ дошта натавонистанд. Бархе аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна, ҳарчанд худ душвориҳои зиёдро паси сар мекунанд, аммо шуғли дигаронро тамасхур карда, бо ин тариқ норасоии равонии худро комил месозанд. Ё ин ки худ тавони иқдоми муҳоҷиратро надоранд ва бо таҳқири шуғли онҳо мехоҳанд бартарии худро нишон диҳанд. Мисли оне, ки чанд вақт пеш дар матбуот гузорише нашр шуд, ки гӯё тоҷикони Амрико ба шустани ташноб машғуланд. Мисли ҳамон овозаҳое, ки дар бораи боркашии устод Бозор Собир ба Душанбе рафта буд.
Хулоса, муҳоҷират чандон мояи ифтихор нест ва худо осоиши равониро ба ҳар кас дар Ватанаш диҳад. Аммо агар баногоҳ ҳавои он бароятон тангӣ мекунад ва мехоҳед ба сафар бароед, инҷо ҷойи бад нест.
Зимнан фарзандону хешу табори аксари мақомдорони кишвари мо ва кишварҳои дигар низ хапу дамак инҷо зиндагии шоиста доранд ва аз имконоти ҷомеаи демократӣ ва кишвари озод лаззат мебаранд.
Фирӯз БАРОТОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ