ВНМО — бемории шармовар ва маргзо. Бо он чӣ гуна бояд мубориза бурд?

Вируси норасоии масунияти одам яке аз бемориҳоест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Агар ба омори расмии умумии он бингарем, воқеан раванди мураккабу ташвишоварест, ки ягон нафар узви ҷомеаро набояд бетараф гузорад.

ВНМО чаро шармовар аст?

Дар давлатҳое, ки мардумаш ба арзишҳои динӣ эътиқод доранд, ВНМО шармовар пазируфта мешавад. Зеро, яке аз роҳҳои сирояти он алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифода аз рифола) муаррифӣ гардидааст. Инчунин, муайян шудааст, ки дигар роҳҳои гузариши он — тамос бо хун (ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳо, хунгузаронӣ, таҷҳизоти тиббии тамизношуда) ва аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ) низ вуҷуд доранд.

Бино ба шарҳи таҳлилгарон, “вируси норасоии масунияти одам, ки маъмулан ВНМО номида мешавад, вирусест, ки мустақиман ба узвҳои алоҳидаи инсон, аз қабили майна, дил ва гурда, инчунин системаи иммунии инсон ҳамла мекунад. Системаи масуният аз ҳуҷайраҳои махсус иборат аст, ки дар ҳифзи бадан аз сироятҳо ва баъзе саратонҳо иштирок мекунанд. Ҳуҷайраҳои ибтидоии ба ВНМО дучоршуда лимфоситҳои CD4 + мебошанд, ки ба фаъолияти мустақим дар организм мусоидат мекунанд. Азбаски ҳуҷайраҳои CD4 + барои фаъолияти дурусти системаи масуният ниёз доранд, вақте ки ба миқдори кофии CD4 + лимфоситҳо тавассути ВНМО нобуд шуданд, системаи иммунӣ базӯр кор мекунад. Бисёр мушкилоте, ки одамони гирифтори ВНМО дучор меоянд, дар натиҷаи нокомии системаи иммунӣ барои муҳофизат кардани онҳо аз баъзе сироятҳои оппортунистӣ (ОИ) ва саратон ба амал меоянд”.

Вазъи нигаронкунандаи ҷаҳонӣ

Мувофиқи оморҳои байналмилалӣ, ҳоло дар ҷаҳон 38 миллион нафар гирифторони ВНМО ҳастанд. Ҳолатҳои бештари сироят ба ин вирусро ба давлатҳои қитъаи Африқо нисбат медиҳанд. Гуфта мешавад, ки аз се ду ҳиссаи шумораи умумии одамони гирифтори ВНМО дар ҷаҳон дар минтақаи Африқо (25,7 миллион) зиндагӣ мекунанд, аммо ниҳодҳои марбута вазъро дар ин маврид дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ нигаронкунанда мехонанд.

Тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ, Федератсияи Русия аз рӯйи паҳншавии ВНМО дар ҷойи 46 ва Тоҷикистон дар мақоми 95 қарор доранд.

Тоҷикистон: Вазъ зери назорат ва мубориза пурзӯр аст

Бояд зикр намуд, ки дар Тоҷикистон ба муқобили ВНМО муборизаи пурзӯр бурда мешавад ва ниҳодҳои масъул рӯзафзун ин падидаи номатлубро таҳти назорат мегиранд.

Аллакай 27-уми декабри соли 1993 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии бемории ВНМО» мавриди амал қарор гирифта буд. Тибқи қонуни мазкур, ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо мақсади ошкор намудани сирояти ВНМО аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Шаҳрвандони дигар давлатҳо, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ, ки барои таҳсил ё кор ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, барои ошкоркунии мавҷудияти сирояти ВНМО ба таври ҳатмӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Маълумот дар бораи сироят ёфтани шахс ба ВНМО сирри хизматӣ буда, онро қонун ҳифз мекунад. Гирифторони сирояти ВНМО бояд оид ба зарурати риояи чораҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО ва ҷавобгарии ҷиноятӣ доштани дидаю дониста паҳн кардани хатари сирояти он ба дигарон огоҳ карда шаванд.

Инчунин, моҳи апрели соли 1997 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо ВНМО таъсис дода шуд.

Баъдан, қарори раиси шаҳри Душанбе аз 11-уми майи соли 2021, №266 “Оид ба тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тасдиқ карда шуд. Чун яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти тандурустии шаҳр фарогирии аҳли ҷомеа бо ташхиси вируси норасоии масунияти одам мебошад, дар нимсолаи якуми соли 2021 дар доираи иҷрои «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” шумораи ташхисшудагон дар пойтахт 94 166 нафарро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 55 628 нафар ё 59 фоиз зиёд мебошад. Аввалин маротиба табобати гепатити вирусии С дар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба таври ройгон роҳандозӣ ва 113 нафар гирифторони ВНМО ва гепатити вирусии С ба табобати гепатити С фаро гирифта шуданд. Бори нахуст озмоиш оид ба муайянсозии миқдори вирусҳои гепатити вирусии В ва С дар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба таври ройгон оғоз карда шуд. Бо татбиқи барномаи мазкур имкон фароҳам омад, ки харидории тестҳо барои занони ҳомиладор ва шахсони никоҳшаванда доир ба ташхиси ВНМО пурра аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ амалӣ гардад, 85 фоизи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда таҳти назорати диспансерӣ ва 79 фоизи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шуданд. Табобати занони ҳомиладори мубталои сирояти ВНМО ба 100 фоиз баробар гардида, кӯдакони аз чунин модарон таваллудшуда бо ғизои алтернативӣ ва ивазкунандаи шири модар таъмин гардиданд. Низоми ҳамгироии пешниҳоди хизматрасониҳои тиббию санитарӣ оид ба сирояти ВНМО дар сатҳи муассисаҳои бистаринамоӣ пурра ҷорӣ карда шуд. Дар 15 марказҳои саломатии шаҳрӣ 1134 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, аз ҷумла 259 нафар кӯдакони то 18-сола ба назорат ва табобат фаро гирифта шуда, 127217 нафар занони қобили таваллуд бо маводҳои контрасептивӣ таъмин гардиданд.

Рӯзҳои 24-25-уми феврали соли 2022 бошад, бо иштироки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ Анҷумани миллӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам, ҳуқуқи инсон ва қонунгузорӣ баргузор гардид. Дар Анҷумани миллӣ унсурҳои ҳуқуқии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақш ва вазифаҳои мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин дигар ниҳодҳои дахлдор вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд. Аҳамият ва ҳадафҳои Анҷумани мазкур аз баланд бардоштани сатҳи дониши касбии судяҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам, табодули таҷрибаи якхелаи татбиқи қонунҳо, ба талаботи меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ ҷавобгӯ будани сифати таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, тақвият бахшидан ба нақши судҳо дар баррасии парвандаҳо, ҷиҳати таъмин ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, иҷрои барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва нақшаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт маҳсуб меёфт.

Дар кори Анҷуман судяҳои Суди Олӣ, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар мақомот вобаста ба мавзуҳои “ВНМО дар заминаи ҳуқуқи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва мурофиавӣ: дастрасӣ ба адолати судӣ”, “Ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ бо парвандаҳои марбут ба сирояти ВНМО”, “Фарзандхондӣ, васоят ва парасторӣ аз ҷониби шахсони бо ВНМО зиндагикунанда”, “ВНМО ҳамчун монеа барои бастан ва асос барои бекор кардани ақди никоҳ” ва ғайра маърӯза намуданд.

Аз забони омор

Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, дар зарфи 9 моҳи соли 2022-юм 732 нафари гирифтори вируси норасоии масунияти одам ошкор гардидаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 158 нафар кам мебошад.

Бояд гуфт, ки тибқи омори расмӣ, соли 2021-ум 922 нафар гирифторони бемории ВНМО ба қайд гирифта шудаанд.

Зимнан, метавон аз як тадқиқоти Ассотсиатсияи АвруОсиёии паст кардани зарар (ЕАСВ) дар соли 2021 ёдовар шуд, ки ҳолатҳои нави гирифтор шудан ба ВМНО-ро дар чанд сол мушаххас намудааст. Мувофиқи натиҷаи тадқиқоти мазкур, дар соли 2015-ум дар Тоҷикистон 1049 ҳолат, соли 2016-ум 1038 ҳолат, соли 2017-ум 1205 ҳолат, соли 2018-ум 1421 ҳолат, соли 2019-ум 1320 ҳолат ва соли 2020-ум 1084 ҳолати нави гирифторӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи беморони бақайдгирифташуда дар тӯли 6 сол аз ВНМО дар Тоҷикистон:

Дар ҳамин ҳол, Рустам Нуров, директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО мегӯяд, ки ин беморӣ давоми солҳои охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил ёфтааст. Номбурда қайд мекунад, ки аз соли 1991 то ин ҷониб дар кишвар 13 ҳазору 802 нафар шахсони сироятёфта ба ВНМО ба қайд гирифта шуда, аз инҳо 3 ҳазору 855 нафарашон фавтида, 9 ҳазору 947 нафар шахсони бо вирус зиндагикунанда дар қайди оморӣ қарор доранд.

Шумораи шахсони сироятёфта ба ВНМО аз соли 1991 то ин ҷониб — 13 802 нафар.

Чанде қабл Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки яке аз масъалаҳои муҳим — ин пешгирӣ аз сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак мебошад. “Дар 6 моҳи соли равон 130 нафар занҳои ҳомилаи гирифтори ин беморӣ таваллуд карданд ва дар 14 нафар зан исқоти ҳамл гузаронида шуд. Айни замон 94 нафар занони ҳомила бо сирояти ВНМО зери назорати антенаталӣ қарор доранд. Дар ин марҳила 305 нафар кӯдаконе, ки аз модарони мубталои ВНМО таваллуд ёфтаанд, то марҳилаи 18-моҳагӣ таҳти назорати мутахассисон қарор доранд”,- зикр намуд Ҷ. Абдуллозода.

Бино ба гуфтаи мутахассисону масъулин, дар ҳоли ҳозир 87 фоизи нафарони бо ин вирус зиндагидошта комилан безарар буда, наметавонанд вирусро ба дигарон интиқол диҳанд.

Зиндагии шоиста ва бидуни доғгузорӣ

Барои мубориза бар зидди ВНМО дар Тоҷикистон дар баробари ниҳодҳои давлатӣ баъзе ташкилотҳо низ саҳмгузорӣ мекунанд. Ҳангоми амалисозии фаъолиятҳо дар ин самт, сарфи назар аз он, ки гирифторони ВНМО муҳоҷиронанд ё ҳамсарони онҳо, нашъамандонанд ё танфурӯшон, кӯшиш карда мешавад, ки нисбаташон табъиз ва доғгузорӣ сурат нагирад.

Ҳанӯз 7-уми августи соли 2020 сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм дар видео-конфронси бахшида ба дастовардҳои лоиҳаи Пешсафии USAID бар зидди ВНМО дар Осиёи Марказӣ ширкат карда буд. Дар ин конфронс натиҷаҳои панҷ соли амалишавии ин лоиҳа ва муаррифии лоиҳаи нави USAID, ки ҳадафи он расонидани кумак ба 95 фоизи шахсони гирифтори ВНМО барои огоҳ шудан аз бемории худ ва мусоидат барои гирифтани табобат буд, баррасӣ гардид. Зимни суханронии худ сафир Поммершайм қайд намуд, ки «мо бояд дар бораи одамони осебпазире, ки дар атрофи мо ҳастанд ва ба ғамхорӣ ва дастгирии мо ниёзманд мебошанд, аз ҷумла шахсони мубталои ВНМО ва шахсони зери хатари баланди сироятёбӣ қарордошта, фаромӯш накунем. Бо онҳо ба алоқа баромадан ва кумак намудан ба онҳо барои огоҳ шуданашон аз гирифтории худ ба ВНМО, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои марбут ба ВНМО ва зиндагии шоистаи бидуни доғдорсозӣ ва табъиз хеле муҳим аст». Гуфта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон Ҳукумати ИМА дар самти татбиқи Барномаи миллӣ оид ба мубориза бо ВНМО/БПНМ кор мебарад ва сафир афзуд: «Мо тақвиятбахшии имконоти соҳаи тандурустиро барои вокуниш ба як қатор таҳдидҳо ба саломатии ҷомеа, аз ҷумла ВНМО, сил ва COVID-19 идома хоҳем дод. Мо ин мушкилотро якҷоя паси сар хоҳем кард ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳем намуд».

Инчунин, 11-уми апрели соли 2022 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» ба амалисозии лоиҳаи «Мо зери як офтобем» шуруъ кард. Ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани дониши аҳолӣ дар бораи тамғагузорӣ ва табъиз, оқибатҳои манфии онҳо дар заминаи сирояти коронавирус (COVID-19), инчунин фароҳам овардани фазои мусоиди иҷтимоӣ барои дастрасии ҳамагон ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ оид ба ВНМО мебошад.

Бояд гуфт, ки ин ташкилот қаблан ҳам, аз 1-уми марти соли 2021 ба амалигардонии лоиҳаи «Пурзӯркунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ ва табобатӣ барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқдом намуд, ки аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар доираи барномаи Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа маблағгузорӣ шуд. Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар кардани ташхиси ВНМО, дарёфти сироятёфтагони ВНМО ва беморони сил, инчунин фарогирии бештари шахсони истеъмолкунандаги маводи мухаддири тазриқӣ (ШИМТ) бо табобати зиддиретровирусӣ буд. Вазифаҳои лоиҳа дар асоси қоидаи «Аз ташхис гузар, табобат намо» бо истифода аз роҳу усулҳои ҷадид амалӣ гардидан ва ба беҳтар кардани дастрасии шахсони истифодабарандаи маводи мухаддири тазриқӣ ба барномаҳои коҳиш додани зарар, ташхиси ВНМО ва ташхиси барвақтии сил, табобат ва кумаки ҳуқуқӣ, инчунин коҳиш додани тамғагузорӣ ва табъиз мусоидат кардан буд.

Чорабинии дигари муҳими ТҶҶ “Афиф” он буд, ки аз 1 то 30-юми ноябри соли 2020 дар ҳамкорӣ бо Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак, инчунин ноҳияҳои Кӯшониён, Қубодиён, Вахш, Ёвон, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ ва А. Ҷомӣ чорабинии иттилоотӣ баргузор намуд. Мақсади чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба масоили ВНМО ва паст кардани сатҳи доғгузорӣ ва табъиз нисбати гуруҳҳои осебпазир буд.

Табобат муқаддам аст ё пешгирӣ?

Айни замон доруҳое, ки барои боздоштани афзоиши сирояти ВНМО дар бадан истифода бурда мешаванд, мавҷуданд. Таъиноти зиддиретровирусӣ аз 3 намуди доруворӣ иборат аст: Ламивудин, Зидавудин ва Невирапин.

Аммо қисми зиёди таҳлилгарон пешгирии бемориро муқаддаму муҳимтар аз ошкору табобат кардан медонанд.

Мутахассиси соҳаи тиб Лола Шавкатовна чанд чораи пешгирии сироятёбӣ аз ВНМО-ро зикр мекунад: риоя намудани тарзи ҳаёти солим, истифодаи таҷҳизоти тиббии яккарата, доштани танҳо як ҳамхоба ва истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона, муоинаи ҳатмии шахсони аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва маҳбас баргашта, нашъамандони инфексионӣ, муоинаи ҳатмии никоҳшавандагон то ақди никоҳ.

Инчунин, коршиносон ба зарурати саҳм гузоштани руҳониён дар пешгирии ин беморӣ таъкид мекунанд, ки чунин гуфтумонҳо солҳои пеш ҳам вуҷуд доштанд. Соли 2009 руҳониёни Тоҷикистон дар мизи мудавваре роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши бемории ВИЧ-СПИД ва бархӯрд бо гирифторони ин бемориро баҳс карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки мавъизаи руҳониён аз минбари масоҷид метавонад назари сокинон ба мубталоёни бемории Вич-СПИД-ро тағйир дода ва муносибат бо онҳоро, ки бисёр вақт табъиз мешаванд, нарм кунад.

Бахусус, Мулло Абдураҳим он вақт зикр намуда буд, ки мавъизаи руҳониён ҳаводори зиёд дорад ва сокинони мусулмони Тоҷикистон низ ба ҳарфи онҳо гӯш медиҳанд: “Мо тавонистем дар суҳбатҳо ба ҷавонон, бахусус ҷавононе, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, талқин кунем, то аз муоина ва ташхиси тиббӣ гузаранд. Онҳо сухани моро қабул карданд ва аз ташхиси тиббӣ ҳам гузаштанд. Ин яке аз роҳҳост. Аммо вақте дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз тавсеаи вируси норасоии масунияти одам мегӯям, назари Ислом ва уламои исломӣ дар атрофи се нуқта давр мезанад…”. Дар шарҳи ин се нуқта Мулло Абдураҳим ба парҳезкорӣ даъват кардани сокинон, издивоҷи барвақтӣ ва истифода аз рифоларо ба унвони се роҳҳали ҷилавгирӣ аз густариши ВИЧ-СПИД донист. Уламои дигар ва намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва тандурустии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи иштирокдорони он баҳс буданд, ғояҳои башардӯстонаи исломро ҳамчун василае барои мубориза алайҳи густариши вируси ВНМО арзёбӣ ва бар тақвияти фаъолияти муштарак дар ин замина таъкид карданд.

Сароянда ва театр ба кумак мерасанд…

Бояд гуфт, ки дар тӯли солҳои гуногун дигар роҳҳои пешгирии ВНМО низ истифода шудаанд. Масалан, соли 2018 овозхони машҳур Вера Брежнева чеҳраи як маъракаи иттилоотӣ шуд, ки барои ташхиси ВНМО даъват мекард. Ӯ, ки Сафири иродаи неки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМО/БПНМ (UNAIDS) буд, мегуфт: “Кор ба ҳайси сафири СММ натиҷаи мантиқии ҷустуҷӯи ман буд. Аз ҷониби UNAIDS ба ман муроҷиат ва хоҳиш карда буданд, ки чорабинии 1-уми декабр — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД-ро дастгирӣ намоям. Пас аз он мо акс гирифтем, ки ман дар даст лентаи сурх — рамзи ҳамбастагӣ бо одамони аз эпидемия зарардида истодаам. Он дар муқоваи рӯзномаи “Метро” пайдо гардид ва ин шумора бо тиражи зиёд фурӯхта шуд. Маҳз ҳамон вақт мо фаҳмидем, ки имкони ҷалби таваҷҷуҳи шумораи зиёди одамон ба мушкилоти ВНМО вуҷуд дорад. Инсоният зиёда аз 30 сол боз бо эпидемияи глобалии СПИД мубориза мебарад ва дар бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон, ки эпидемия коҳиш меёбад, натиҷаҳои хуб ба даст оварда шудаанд. Ман ҳамон шахсе ҳастам, ки аксар вақт кори душвортаринро ба дӯш мегирад. Дар аввал ҳадафи мо ин буд, ки мавзӯи сирояти ВНМО ба мавзӯи баҳс табдил ёбад. Баъдтар ҳис кардам, ки кори ман дар ин самт натиҷаҳои хуб дода истодааст”.

Намунаи дигари ҷолиб ин аст, ки соли гузашта Мадиброҳим Шарифов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Имрон”-и шаҳри Кӯлоб дар бораи ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) намоиши театрӣ таҳти унвони “Ноумед нашавед!”-ро ба саҳна гузошт. Намоиши театрӣ дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб рӯйи саҳна омад. Мақсади намоишнома огоҳ кардани аҳолӣ аз роҳҳои интиқоли ВНМО ва пешгирии хатари муносибатҳои нобаробар нисбати занони гирифтори ин беморӣ мебошад. Шиори намоишнома “Ҳама баробаранд, новобаста ба чизе…” мебошад. Қисса дар бораи оилае аст, ки шавҳар муҳоҷири меҳнатӣ мебошад. Пас аз баргаштани шавҳар ҳамсараш ҳомиладор мешавад ва барои ташхис ба назди шифокор меравад. Пас аз супоридани хун маълум мешавад, ки зан гирифтори ВНМО шудааст. Баъдан ин зан ба хушунати оилавӣ ҳам рӯ ба рӯ мегардад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, гуфтаву муолиҷаҳои шифокоронро саривақтӣ иҷро мекунад ва фарзандашро солим ба дунё меорад.

“Ҳоло ҷомеа нисбат ба гирифторони ВНМО нармтар муносибат мекунад. Зиёд ташкилотҳо, фаъолиятҳо, грантҳое пайдо шудаанд, ки ба афроди гирифтори ВНМО кумак мекунанд, ба мисоли ташкилоти ҷамъиятии ман: дар ин бора чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем ва ин корҳо натиҷа дода истодаанд. Вале агар ба 10-12 сол пеш бингарем, мубталоёни ВНМО ба таҳқири оммавӣ гирифтор мешуданд”,- гуфта буд он замон Мадиброҳим Шарифов.

Корҳое, ки бояд анҷом дод…

Аз шунидани назарҳои таҳлилгарону мутахассисон ва мушоҳидаи вазъияту таҳлили омор ба ин хулоса расидан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон воқеан ҳам ҳолати сироятёбӣ ба ВНМО коҳиш ёфтааст. Аммо ҳоло ҳам корҳои зиёдеро бояд анҷом дод.

Имрӯз ҳам зарурати ҷалби бештари руҳониёну зиёиён, кормандони марказҳои мубориза бо ВНМО-ву САҲШ-ҳо ва намояндагони мақомоти маҳалливу Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар барои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум эҳсос мешавад. Дар ин замина, бояд ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти масъули давлатӣ барои пешгирии ВНМО ба таври боз ҳам густардатар ба роҳ монда шавад.

Метавон аз баъзе тавсияҳои «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон»-и Кумитаи ҷавонон ва варзиши кишвар, ки дар натиҷаи гузаронидани як тадқиқоти сотсиологӣ миёни ҷавонони синни 14-30-солаи шаҳри Душанбе, НТМ, вилоятҳои Хатлону Суғд пайдо шудаанд, истифода бурд:

— Аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида пурзӯр гардонидани корҳои ташфиқотию тарғиботӣ дар самти пешгирии беморӣ ва боло бурдани маърифати ҷавонон оид ба шинохти бемориҳо тавассути ВАО ва мактабу донишгоҳҳо;

— Муоинаи ҳатмии ҷавонон барои муайян намудани гирифтории онҳо ба беморӣ ҳангоми қабул шудан ба мактабҳои миёнаи касбӣ, олӣ, аспирантура, кор ва хизмати давлатӣ;

— Ҷалби муаллимон, раисони маҳалла, рўҳониён ба корҳои фаҳмондадиҳӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии беморӣ;

— Паҳн намудани варақаву брошураҳо дар байни ҷавонон барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии беморӣ;

— Мубориза бар зидди танфурӯшон ва шахсоне, ки ахлоқи ҷамъиятиро вайрон менамоянд (яъне ҳаёти ҷинсии бетартибона доранд);

— Муоинаи ҷиддии муҳоҷироне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд;

— Кумаки тиббии ройгон ва ташкили шароитҳои иҷтимоии кофӣ ба гирифторони чунин бемориҳо;

— Назорати ҷиддии кормандон ва мутахассисоне, ки аз беэҳтиётӣ ба паҳншавии бемории сироятӣ сабабгор шуда метавонанд, асосан духтурон.

Фазлиддин ХОҶАЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *