Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ. 2 пешниҳод барои ҳалли проблема

Даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз 1-уми октябр оғоз гардиду то 30-юми ноябр идома меёбад. Маъракаи даъват дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Роғун ва ноҳияи Файзобод чӣ гуна сурат мегирад?

Ҳамин ки даъвати тирамоҳӣ сар мешавад, дар комиссариатҳои ҳарбӣ баробари даъватшавандаҳо падару модарон ҳозир мешаванд. Аксари онҳо баҳона пеш меоранд, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд. Ҳол он ки, дар муҳоҷират будан маънои сарпечӣ аз хизмати ҳарбиро надорад. Чунки падару модарон қабл аз шуруъ шудани даъват фарзандашонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ мегузаронанд. Дар замони шӯравӣ нафари сарпечикардаро суд мекарданд, ҳоло касеро парвое нест. Чаро барои сарпечӣ аз хизмат касе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад?! Нисбати чунин оилаҳо низ касе ҷавобгарӣ пешбинӣ накардааст. Пешниҳод мекунам, ки ба чунин оилаҳо замини наздиҳавлигӣ дода нашавад.

Суоли дигари сокинон ин аст: “Чаро фарзандони курсинишинҳо, раисони ҷамоат, тағодорон, муллоҳо ва пулдорон ба аскарӣ намераванд?”.

Воқеан, дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Файзобод чунин камбудӣ ҷой дорад. Онҳо фарзандонашонро ё мегурезонанд ё бо ҳар баҳона аз хизмат халос мекунанд.

Барои бартараф шудани ин камбудиҳо 2 пешниҳод дорам:

Якум. Шуъбаҳои шиносномадиҳӣ ба ҷавононе, ки хизмат накардаанд, шиносномаи хориҷӣ надиҳанд.

Дуюм. Ба ҷавононе, ки хизмат накардаанд, замини наздиҳавлигӣ дода нашавад. 

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод

Аз идора: Муаллифи ин навишта, журналисти собиқадор Ҳокими Сафар ҳафтаи равон зодрӯз дорад. Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” эшонро бо санаи фархундаи умрашон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва қалами бурро орзу мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *