Афзалшоҳ Шодиев аз вазифа барканор шуд (видео)

Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки дар вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фаъолият дошт, аз вазифа сабукдӯш шуд. Ба ҷойи ӯ Кароматулло Раҳимзода, ки то ин вақт директори мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд, директор таъин шуд.

Дар суҳбат бо сомонаи pressa.tj Афзалшоҳ Шодиев гуфт, ки таъиноташ ҳамин субҳ баромад ва директори навро бевосита вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода муаррифӣ намуд.

“Субҳи имрӯз вазир омаданд ва фармони барканор кардани маро қироат намуда, директори навро таъйин намуданд”.
Афзалшоҳ Шодиев мегӯяд, ки қаблан дар мавриди барканориаш ӯро огоҳ ва хабари аз кор озод шуданаш барояш ғайричашмдошт буд.
Ёдовар мешвем, ки Афзалшоҳ Шодиев соли 1960 таваллуд шуда, синни ба нафақа баромаданаш чор сол баъд фаро мерасад. Дар мавриди нақшаҳои ояндааш сароянда гуфт: “Чизҳоямро ҷамъ карда меравам”.
Бино ба иттилоъе, ки аз Вазорати фарҳанги кишвар ба дасти мо расид, баъди таъин шудани вазири нав дар сохторҳои дигари вазорат низ тағйироти кадрӣ сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *