Пешвои миллат ба Маскав меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмии таҷлил аз 75 — умин солгарди Рӯзи ғалаба бар фашизм дар Русия иштирок менамояд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

«Тоҷикистон иштироки Сарвари давлатро дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 75-солагии Рӯзи ғалаба тасдиқ кард. Ин ид аҳамияти ҷаҳонӣ дорад», — гуфт вазири корҳои хориҷӣ.

Чанде қабл Президенти Русия Владимир Путин зимни ирсоли як даъватнома ҳамтои тоҷикашро барои ширкат дар маросими таҷлил аз 75 – умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) хонда буд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ин маросим Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар роҳпаймоии тантанавӣ дар Майдони Сурхи пойтахти Русия ширкат хоҳанд кард ва Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 57-долларӣ хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *