Афзалшо Шодиев: Ба ду қувваи бузург такя мекунам!

1-уми феврали соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико консерти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев баргузор шуд. Қарор аст, ки 8-уми март дар “Кохи суруш”-и шаҳри Душанбе барномаи нави ҳунарманд сурат бигирад.

Ҳафтаи равон устод Афзалшо Шодиев меҳмони барномаи “РӮ ба РӮ”-и ютубканали pressa.tj буд ва ба суолҳои хабаринигори мо посух гуфт. Фишурдаи ин суҳбтро пешкаши шумо мекунем. 

Ёди Давлатманду Лоиқ

Суҳбати мо бо устод Афзалшо Шодиев бо ёди фалаксарои номвар, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов, ки чанд рӯз пеш аз олам даргузашт, оғоз шуд. Ҳамсуҳбати мо аз марҳум чунин ёдоварӣ намуд:

— Марги устод Давлатманд Холов талафоти азим барои санъати тоҷик аст. Ман яке аз дӯстони қаринамро аз даст додам. Бо устод беш аз 40 сол дӯст будем. Моро устод Лоиқ шинос карда буданд. Бори аввал, консерти ширу шакари устод Лоиқ бо Давлатманд Холов дар Кӯлоб баргузор мешуд. Устод гуфтанд, ки ту ҳам ҳамроҳи ман ба Кӯлоб меравӣ. Аз Душанбе ҳамроҳ рост ба хонаи акаи Давлатманд рафтем. Модарашон моро пешвоз гирифта, меҳмондорӣ карданд. Барномаи “Ширу шакар” низ дар сатҳи баланд мегузашт. Дар ҳамин маҳфил устод Лоиқ “Ман имрӯз писархондамро овардам, то ки аз имтиҳони шумо гузарад” гӯён, навбатро ба ман доданд. Ман он ҷо 2 суруд хондам. Бо талаби мардум ду суруди дигар хондам. Акаи Давлатманд гуфтанд, ки ту аз имтиҳони мардуми Кӯлоб гузаштӣ. Ҳамин тавр, дӯстии мо солҳо идома дошт. Бо ҳам ҳамкории эҷодӣ доштем. Ҳамроҳ ба кишварҳои мухталифи олам сафар кардем. Устод Давлатманд Холов фалакро аз кӯҳистони Кӯлоб аввал дар саросари Тоҷикистон тарғиб карданд ва баъдан то ба саҳнаҳои ҷаҳон бурданд. Хушбахтона, эшон дар ансамбли давлатии “Фалак” мактаберо ба вуҷуд оварданд, ки он пайравони зиёд дорад. Яке аз ин пайравон фарзандашон Лоиқшо аст, ки имрӯз сарояндаи шинохтаи кишвар мебошад. Гуфтан бамаврид аст, ки ман дар номгузорӣ шудани Лоиқшо ҳам ширкат доштам. Он солҳо телефони мобилӣ набуд. Як бегоҳ акаи Давлатманд занг зада гуфтанд, ки дар хонаи ман писар таваллуд шуд. Устод Лоиқро бигиру биё. Рӯзи дигар бо устод ба Кӯлоб рафтем ва эшон номашонро ба кӯдаки навзод доданд…

Тоҷикон дар Амрико мавқеъ меёбанд

— Устод, яке аз воқеаҳои фараҳбахши оғози сол баргузории консерти шумо дар Амрико буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди шодиву хурсандии тоҷикони Амрико будем, ки дар консерти шумо ширкат доштанд. Дар бораи ин консерт чанд ҳарф бигӯед.

— Ин консерт бидуни нақша баргузор шуд. Вақте ба рухсатии меҳнатӣ баромадам, ба хабаргирии набераҳоям ба Амрико рафтам. Бовар кунед, вақте дар фурудгоҳи Ню-Йорк пиёда шудам, як гурӯҳ бачаҳои тоҷик маро бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Миёнашон ровии телевизион Талабшо Муқимов, ҳамсабақам Неъматулло ва чанд нафари дигарро шинохтам. Онҳо гуфтанд, ки диаспораи тоҷикони Амрикоро таъсис додаанд, дар ғаму шодии якдигар шариканд. Бисёр хурсанд шудам. Ҳамчунин, гуфтанд, ки барои ману оилаам бо тамоми шароитҳояш хона омода кардаанд. Ман, ки қабл аз сафар дар меҳмонхонаи “Рузвелт” ҳуҷра брон карда будам, аз онҳо хоҳиш кардам, ки иҷозат диҳанд, то як рӯз дар меҳмонхона монам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ду рӯзи дигар дар хонаи онҳо мондем. Рӯзи сеюм ман бояд ба шаҳри Хюстони штати Техас парвоз мекардам. Фарзандону набераҳои ман он ҷо зиндагӣ мекунанд. Вале қабл аз сафар бачаҳо пешниҳод карданд, ки дар Ню-Йорк консерт баргузор кунам. “Ин имкон надорад, зеро ман навозанда наовардаам” гуфтам. Онҳо гуфтанд, ки устод, шумо розӣ шавед, мо ҳама шароитро муҳайё мекунем. Ман розигӣ додам ва рӯзи баргузории консерт 1-уми феврал эълон шуд.

— Яъне барномаи шуморо худи тоҷикон созмон доданд?

— Бале. Ман коре накардаам. Рафтам назди набераҳоям. То 28-уми январ он ҷо мондам. Чанд шаҳри штати Техасро тамошо кардем, ба Мексика рафтем…

— Навозандагонро аз куҷо пайдо кардед?

— Рӯзи 28-уми январ ба Ню-Йорк омадам, ки ҳама омода. Ҳамсабақам Неъматҷон дар синтезатор, Ӯктамҷони самарқандӣ — дойрадаст, Ҷаҳонгири тошкандӣ дар скрипка, Стас Калонтарови душанбегӣ, шогирди худам дар гитара… интизори ман буданд. 3 рӯз тамрин карда, консертро дар толори “Эмир Плас” дар сатҳи олӣ гузаронидем. Тоҷикони Тоҷикистон, ҳамчунин, тоҷикони Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Тошканд ва дигар шаҳрҳо тамошобинони консерт буданд. Бовар кунед, бисёр хурсанд шудам. Солҳои пеш, вақте ба Амрико мерафтам, дар Ню Йорк маро ҳамватанони яҳудиамон пешвоз мегирифтанд. Ҳоло бошад, бачаҳои тоҷик дар Амрико мақому ҷойгоҳи хос пайдо кардаанд. Ширкатҳо ташкил кардаанд, дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, хонаву дар ва мошинҳои нағз доранд. Аз ҳама муҳим, бо ҳам муттаҳид ҳастанд.

— Фарзандони шумо дар Амрико чӣ кор мекунанд?

— Донишгоҳҳоро тамом карда, ба тиҷорат машғуланд. Шукр, ки зиндагиашон нағз.

Худамро ҳунарманд намеҳисобам, агар…

— Шумо аз ҳунармандоне ҳастед, ки қариб 40 сол боз ба қавле аз мӯд намемонед. Асрори муҳаббати мардум ба ҳунари шумо дар чист?

— Инро бояд аз мардум пурсид. Шукр, ки 35 сол боз содиқона ба мардумам ва ба ватанам хизмат мекунам. Тӯли ин солҳо ҳамеша ба ду қувваи бузург — ба Худо ва ба халқ такя кардаам. Пайваста машғули эҷод ҳастам. Агар дар як сол 20-25 суруди нав эҷод накунам, худамро ҳунарманд эҳсос намекунам. Хушбахтона, сурудҳои маро мардум гӯш мекунанд. Ҳатто дар хориҷи кишвар. Як рӯз аз сафорати Кореяи Ҷанубӣ телефон карданд. Гуфтанд, ки дар Душанбе Рӯзҳои Кореяи Ҷанбуӣ баргузор мешавад ва як гурӯҳ навозандагони ин кишвар омадаанду оҳанги шуморо менавозанд. Рафтам, ки онҳо оҳанги “Ҷавонӣ рафт”-ро иҷро мекунанд. Дар майдони назди Театри Опера ва балет бо ин навозандаҳо ин сурудро иҷро кардем. Хеле ҷолиб буд. Дар Ҳиндустон сурудҳои маро мехонанд. Чанде пеш ба шаҳри Бопал рафта будем. Вақте ба театри қадимии шаҳр рафтем, чун фаҳмиданд, ки аз Тоҷикистонем, сурудҳои маро хонданд. Қаблан дар Деҳлӣ ҳам сурудамро шунида будам. Дар саросари Тоҷикистон шогирдони ман барои санъат хизмат мекунанд.

— Чанд сол қабл бо сарояндаи эронӣ эҷодиёти устод Рӯдакиро низ сароида будед. Вале он дар “Ютуб” ёфт намешавад.

— Бале. Бо Воҳид Тоҷ, як сарояндаи машҳури эронӣ 12 шеъри устод Рӯдакиро бо Хори миллии Эрон сароидем. Ман ин консертро дар “Ютуб” гузошта будам, вале баъдан гирифтам, зеро ҳуқуқи муаллифиаш аз дӯстони эронӣ буд. Бо эрониҳо ҳамкории хуб дорем.  Ба қарибӣ онҳо маро ба сифати узви ҳакамони лоиҳаи “Навоҳанг” даъват карда буданд. Ростӣ, каме нотоб будам, ба ҷойи ман Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқати Саид рафтанд.

— Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки шумо бо Юлдуз Усмонова суруди якҷоя месароед. Гуфтанд, ки шумо дуэт сабт мекунед. Ин нақша оё амалӣ шуд?

— Ман бо Юлдуз Усмонова собиқаи дӯстии бисёрсола дорам. “Дарё маҷӯ, дарё манам” ном сурудро 30 сол пеш хонда будам. Юлдуз бо каме тағйирот онро иҷро мекунанд. Дар Хуҷанд, дар чанд маърака онро якҷо хондем. Овоза шудааст, ки дуэт сабт мекунем.

— Шумо соле 20-25 суруд эҷод мекунед, вале клип сабт намекунед. Чаро?

— Бале, ин камбудии ман аст. Чанд сол қабл сабт карда будам, дар  Фаластину Исроил. Баъдан бо худораҳматӣ Дамирбек як клип сабт кардем. Ҳоло бо як гурӯҳ машварат дорем. Худо хоҳад, ҳамин сол клип сабт мекунем. Саҳнаҳои он дар Душанбеву Хуҷанд ва Туркияву Дубай сабт мешавад.

Душмани мард орзу дорам!

— Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастед. Саҳифаҳоятонро худатон пеш мебаред?

— Не, духтарам Барноҷон ба ин кор машғул аст.

— Чун сухан аз интернет рафт, як суол медиҳам, ки шояд ба шумо хушоянд набошад. Чанд сол қабл наворе паҳн шуд, ки шумо бо сарояндаҳои ҷавон нишаста, каме қабеҳгуфторӣ мекунед. Ин навор ҳар вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешавад. Мехоҳам дар бораи он ҳарф занед.

— Ман фаҳмидам, ки шумо кадом наворро дар назар доред. Ин сабти 17 сол пеш аст. Дар хонаи сароянда Рустами Нур, ки шогирдам аст, маърака буд. Баъди маърака мо нишаста, як суҳбати мардона доштем. Кадом одами бадхоҳ рустӣ навор гирифта, ҳар сол онро дар шабакаҳо мегузорад.

Душманонам заифу номарданд,

Душани мард орзу дорам.

Ман аз мақомоти давлатӣ хоҳиш мекунам, ки ҳамин одамро кофта ёбанд. Ин одам кист? Чӣ мехоҳад? Ман ростӣ намедонам. Ҳаволааш ба худо. Ман дар назди Худованд, дар назди миллатам ва дар назди давлат рост ҳастам. Дар ин навор ман дар бораи Пешвои миллат гап мезанам. Воқеан, бояд эътироф кард, ки ин бузургмард қаҳрамони воқеӣ аст. Кишварро обод кард, миллатро аз парокандагӣ наҷот дод. 

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

P.S. Шакли комили суҳбатро дар ютубканали pressa.tj тамошо кунед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *