Сӯхтор дар Ёвон

Шаби гузашта соати 21:25 дар маркази савдои Ҳамдилон, воқеъ дар кӯчаи Раҷабалӣ Раҷабов дар маркази ноҳияи Ёвон ба коми оташ рафт.

Дар асоси навори ба Pressa.tj равоншуда  алангаи оташ ду ошёна ва ҳамчунин болопӯши биноро фаро гирифтааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи сӯхтор, алангаи оташ нуқтаҳои савдо ва хизматрасониро дар масоҳати 420 метри мураббаъ фаро гирифта, хафви паҳншавии он ба миён омада буд. ВКД гуфт, дар натиҷаи сафарбар намудани қувва ва воситаҳои хадамоти сӯхторнишонӣ сӯхтор дар масоҳати авалааш дар соати 23:55 бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.

ВКД дар бораи сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми зарари расондааш ҳанӯз чизе нагуфтааст. Дар иттилоия танҳо гуфта шудааст, ки “сабаби ҳодисаи мазкур ва зарари он аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад”.

Бино ба омори расмии ВКД, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1236 сӯхтор рух дода, сабаби марги 23 нафар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *