Таҳсили синфи 10-11 ҳатмӣ шуд. Аз шарҳи масъулин то назари мардум

Ахиран ба Қонун “Дар бораи маориф” тағйирот ворид шуд. Дар асоси он таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ аст. Хонандагон дар сурати қатъи таҳсил бояд омӯзишро дар коллеҷу техникумҳо идома диҳанд. Тағйироти нав ба қонун 20-уми феврал аз ҷониби вакилони парлумони кишвар қабул шудааст.

Таҳсили 34 200 хонанда ҳал шуд

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонун дар назди вакилон гуфт, ки “бо ҳатмӣ гардонидани таҳсилоти миёнаи умумӣ масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 200 нафар хонанда ҳалли худро меёбад”.

То ин замон баъди хатми синфи 9 таҳсил дар Тоҷикистон дигар ҳатмӣ набуд. Тибқи омори ба даст омада 86 дарсади писарон таҳсили ғайриҳатмиро идома дода,  духтарон бошанд, танҳо 68 дарсад аз чунин имконият истифода мекарданд. Ин таносуб миёни писарон ва духтарон бисёр калон аст.

2 аҳамияти қонун

Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар шарҳи ин масъала чунин гуфтааст: «Ба андешаи мо, зарурати ворид намудани тағ­йирот ба қонуни мазкур аз ду ҷиҳат муҳим аст:

Якум, дар шароити кунунии рушди бесобиқаи техникаю технология ва табодули маълумот фарогири танҳо таълими умумии асосӣ будан барои ҷавондухтарону ҷавонписарон басанда нест.

Дуюм, то ҳанӯз сатҳи пасти донишҳои дунявию эътиқодӣ ва аз рӯи пастмаърифатию беэҳтиётӣ паёмак додани ҷавонони ноогоҳ ба сомонаҳои ташкилотҳои мамнӯи террористию экстремистӣ боиси гирифторию саргардонӣ, зиндону маҳбас шудан ва гоҳо ба ҳалокат расидани онҳо мегардад.”.

Вакилон чӣ гуфтанд?

Насиба Содиқӣ, вакили парлумон бо ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун баромад карда, гуфт, ки минбаъд хонандагон аз синфи 10 ва 11 барои кирдорашон аз мактаб хориҷ карда намешаванд, ки “ин ҳам барои зиёд намудани масъулияти муассисаҳои таълимӣ ва волидайн баҳри дур нашудани хонандагон аз таҳсил равона карда шудааст”.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода вобаста ба масъалаи баррасишаванда чунин гуфт: “Таҳсили ҳатмӣ дар синфҳои 10 ва 11 ё дар коллеҷу техникумҳо ба хонандагон имон медиҳад, ки соҳиби шаҳодатнома оид ба доштани касб шаванд, ки ин барои рафтани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ беҳбудӣ меорад”.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ мегӯянд?

Мамлакат Музаффарова

— Ман худ муаллима будам, аммо талабагони ҳозира аз пештара нафақат бо хониш, аз ҷиҳати одоб низ фарқ мекунанд. Онҳо миёни ҳам дағалона муносибат карда, дар синфи 10-11 дар дарсҳо кам иштирок менамоянд. Кам нестанд синфҳои болоихон, ки бо худ асбобоҳои зараррасон гирифта мегардонанд.

Сайраҳмон Назриев

— Таҳкурсии хонанда аз синфҳои поёнӣ хуб нашавад, агар 15-сола шавад ҳам, таҳсил натиҷае намедиҳад. Фикр мекунам бештар ба сифати таълим аҳамият диҳем, беҳтар аст аз он ки соли таҳсилро зиёд кунем.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздики 4 ҳазор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъоланд, ки дар онҳо бештар аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд.

Бояд гуфт, ки таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон тавассути мактабҳо дар се зинаибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад. Қаблан ду зинаи таҳсил ҳатмӣ ва зинаи сеюм тибқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи хонандагон сурат мегирифт.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *