Афзоиши бесобиқаи пошхӯрии оилаҳо дар Хатлон
Соли 2022 дар вилояти Хатлон 3 ҳазору 607 оила аз ҳам ҷудо шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин муддат масъулини шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон аз пошхӯрии 340 оила ҷилавгирӣ кардаанд.
Бунафша Раҳимзода — сардори Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон имрӯз, 1-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли сипаришуда 3 ҳазору 607 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки нисбати соли 2021-ум 280 ҳолат зиёд аст. “Аз ин шумора 2 ҳазору 981 оила бо ҳалномаи суд ҷудо шудаанд”,- афзуд вай.
Ӯ афзуд, ки сабаби асосии ҷудошавии оилаҳо — ин нофаҳмӣ, истифодаи телефони мобилӣ, дахолати шахси сеюм ва маърифати пасти ҳуқуқии иддае аз шарҳварндон аст.
Аз бекоршавии 3 ҳазору 607 ақди никоҳ 4 ҳазору 32 кӯдак ба қавле зиндаятим мондаанд. Феълан аз ин кӯдакон 3 ҳазору 938 нафар дар тарбияи модар ва 94 кӯдаки дигар дар тарбияи падар мебошанд.
Дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 25 ҳазору 396 ақди никоҳ баста шудааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ