лимит

Лимити шадид ҷорӣ мешавад! “Барқи тоҷик” вазъро ташвишовар хонд

Шуруъ аз 1-уми феврали соли равон дар кишвар “лимит” ё маҳдудияти шадиди барқ расман ҷорӣ карда мешавад. Дар ин бора ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома ба аҳолии кишвар хабар дод.

Дар муроҷиатнома, ки шоми 31-уми январ нашр шуд, сабаби ҷорӣ шудани “лимит” пешгирӣ кардани норасоии нерӯи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат арзёбӣ гардидааст.

“Барқи тоҷик” бо такя ба таҳлили мутахассисонаш навиштааст, ки вазъ ташвишовар аст ва “дар сурати наандешидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот дар аввалҳои моҳи март норасоии нерӯи барқ шиддат гирифта, ба фаъолияти иқтисоди мамлакат ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад”.

Масъулини “Барқи тоҷик” гуфтаанд, ки бо назардошти тадриҷан афзоиш ёфтани талабот ба нерӯи барқ дар дохили мамлакат ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи сипаришудаи моҳи январи соли 2023 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 300 млн кВт* соат зиёд гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи солҳои қаблӣ 14 фоиз зиёд мебошад.

Ин раванд, ба гуфтаи масъулини “Барқи тоҷик”, боиси зиёд шудани сарбории шабакаҳои барқӣ ва трансформаторҳо гардида, ба захираҳои обу энергетикии обанборҳо низ таъсири манфӣ расонид.

“Маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сония ва дар зимистон ба 150-200 метри мукааб дар ҳар сония баробар шуда, барои истеҳсоли нерӯи барқ асосан захираи обанбори нерӯгоҳи «Норак» истифода мешавад. Дар натиҷаи зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ дар моҳи январ ҳаҷми хароҷоти об аз обанбори нерӯгоҳи «Норак» низ афзоиш ёфт, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд мебошад”,- омадааст дар муроҷиатномаи “Барқи тоҷик”.

Манбаъ аз сардиҳои моҳи январ ёдоварӣ карда, афзудааст, ки “афзоиши талаботи соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакат ба нерӯи барқ дар реҷаи кори низоми энергетикӣ якчанд мушкилиҳо пеш овард”.

Масъулини ин ширкат гуфтаанд, ки “маҳдудияти барқ муваққатӣ буда, барои давраи муайян пешбинӣ гардидааст ва баъди ба эътидол омадани реҷаи обу энергетикии дарёи Вахш аз байн бардошта мешавад”.

Дар охир “Барқи тоҷик” аҳолиро ба сарфакорӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ даъват мекунад. Вале ин ниҳод нагуфтааст, ки дар як шабонарӯз интиқоли барқ чанд соат қатъ карда мешавад.

Муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” дар ҳоле нашр мешавад, ки аҳолии кишвар ҳанӯз аз моҳи октябри соли гузашта аз “лимит” ё маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекарданд. Вале “Барқи тоҷик” лимитро рад мекард. Вале дар сардиҳои ахир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шавад…

Шодии мардум дер давом накард ва тақрибан баъди 10 рӯз сокинон аз баргаштани “лимит” шикоят оғоз карданд. Инак, лимит расмӣ шуд…

АЗ “ФЕЙСБУК”

Kholiknazar Jumaev

— Муамморо ёбед! “Барқи тоҷик” расман хабар дод, ки шуруъ аз 1-уми феврал дар тамоми манотиқи кишвар лимит ҷорӣ мешавад.

Агар лимит аз 1-уми феврал оғоз шавад, пас барқкушие, ки аз якуми октябр шуруъ шуда, то имрўз давом кард, чӣ ном дошт?

Сайф Достиев

— “Барқи тоҷик” аз пагоҳ дар кишвар маҳдудият — лимити шадиди барқӣ ҷорӣ мекунад…

Аз барои савоб, Мирзо Исмоилзодаи профессионалро ба ин ниҳод баргардонед, ки дар сахттарин солҳо лимитро аз байн бурда буд!!!

Абдуқодир Талбаков

— Чун кори нерӯгоҳҳоямон ба барфу борон бастагӣ дорад, пас, дар фикри нерӯгоҳи ангиштию атомӣ бояд шуд. Кумуру уран дорем-ку!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *