Афзоиши марг аз коронавирус дар Чин (аудио)
Дар Чин бар асари бемории коронавирус теъдоди фавтидаҳо афзоиш ёфтааст. Нуқтаҳои оташ задани ҷасадҳо низ дар саросари ин кишвар пур шудаанд.
Дар ин бора хабаргузории «Bloomberg» бо такя ба кормандони бахши маросими дафн дар Чин ва коршиносон хабар додааст. Яке аз ҳамсуҳбатони расона гуфтааст, «низом фалаҷ шудааст».
Кормандони маконҳои сӯзонидани ҷасадҳо дар шаҳрҳои Пекин ва Шанхайи Чин дар суҳбат бо «Bloomberg» гуфтаанд, ҷасади онҳое, ки аз «COVID-19» фавтидаанд, шабонарӯзӣ сӯзонда мешавад ва дар айни замон то нимаи моҳи январи имсол дигар фармоиш қабул карда наметавонанд.
Корманди яке аз маконҳои сӯзондани ҷасад дар Лонгхуаи Чин иттилоъ додааст, ки ҳамарӯза беш аз 500 ҷасад қабул карда мешавад.
Моҳи декабри соли гузашта теъдоди гирифторони коронавирус дар Чин баъди он дубора афзоиш ёфт, ки мақомоти ин кишвар ба далели эътирози сокинон тасмим гирифтанд, то чораҳои карантиниро камтар кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ