студент

«Россотрудничество»: Донишгоҳҳо ба қабули донишҷӯёни хориҷӣ омодаанд

— Донишгоҳҳои Русия омодаи қабули ҳуҷҷатҳо барои магистратура, ординатура ва аспирантура ҳастанд,- иттилоъ дод «Россотрудничество».

Ба иттилои манбаъ, донишҷӯёни хориҷӣ бояд то 20-уми феврал дар платформаи Education-in-russia ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд ва баъди он имтиҳони тахассусиро дар шакли мусоҳиба супоранд.

Бино ба гузориши «Россотрудничество», қабули ҳуҷҷатҳо аллакай оғоз ёфта, довталабон бояд анкетаро пур карда, акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро ба сомонаи Education-in-russia.com то даҳаи сеюми моҳи феврал фиристанд.

Гуфта мешавад, ки бақайдгирии довталабон дар доираи квотаи ҳукумати Русия дар соли таҳсили 2023-2024 сурат мегирад. Дар Тоҷикистон хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном ба Хонаи рус дар Душанбе ва Хуҷанд муроҷиат намоянд.

Бояд гуфт, ки қаблан Русия аз бештар намудани квотаи таҳсил барои довталабони хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон хабар дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *