мудири маориф

Мудири маорифи Фархор иваз шуд. Мирализода кист?

Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода Лутфулло Мирализода мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор таъйин гардидааст.

Бояд гуфт, ки Лутфулло Мирализода 23-юми июни соли 1988 дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Фархори вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор ба дунë омадааст. Маълумоти миёнаи умумиро дар мактаби ҳамин деҳа гирифтааст.

Сипас, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси биология хатм намуда, солҳои 2009-2010 ба ҳайси омӯзгори фанни химия ва биологияи муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии 53-и ноҳияи Фархор, солҳои 2010-2013 муовини директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 53,  солҳои 2013-2014 муовини директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Фархор, солҳои 2014-2016 мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор ва аз моҳи ноябри соли 2016 то 31-уми декабри соли 2022 ба унвони мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор фаъолияти назаррас доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *