Раҷаббой Аҳмадзода

Афзоиши содироти маҳсулот аз Суғд ба Аврупо

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муассиси корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН» ва роҳбари ширкати маъруфи итолиёвии «Carrera» Имерио Такелла мулоқот намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба ва саҳми корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» дар рушди иқтисодиёти вилоят изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

— Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаҳои муштарак расо 30 сол қабл бо ҷалби сармоя аз Италия таъсис ёфта, имрӯз низ фаъолияти назаррас доранд. Дар корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол аз сол зиёд гардида, маҳсулоти истеҳсолшаванда содирот гардида истодааст. Масалан, агар соли 2017 дар ҶДММ «Ҷавонӣ» ба мабалғи 89,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида бошад, соли 2022 ба маблағи 111,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Имрӯзҳо дар ин корхона 775 нафар кор мекунанд, ки маоши онҳо наздики 3000 сомонӣ мебошад. Дар ҶДММ «САТН» низ зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол ба назар расида, соли 2022 дар корхона ба маблағи 108,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 дар корхона ба маблағи 59,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда буд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар корхонаҳои муштарак маҳсулоти тайёри дўзандагӣ, ба монанди шиму нимшимҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоиз таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад. Маҳсулот дар асоси фармоишҳои мизоҷони аврупоӣ иҷро гашта, маҳсулот асосан ба давлатҳои Италия, Хорватия ва як миқдори муайян ба Федератсияи Русия содирот мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *