толеънома

Толеъномаи 24-уми январи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рўз ба сафари роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна дар роҳ ба ҳодисаи нохуш гирифтор шуданатон имкон дорад. Дар ҷойи сокиту ором бо нафарони бароятон дилкаш суҳбат кунед ё бо кори зеҳнӣ машғул шавед. Аз нафароне, ки нисбаташон боварӣ надоред, худро канор гиред. Ба садои қалб гўш андохта, дўстро аз душман фарқ карда метавонед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рўз барои нафаре чоҳ наканед, вагарна худатон ба чоҳи кандаатон фурў меравед. Нисбати ҳамкороне, ки баробари шумо таҷрибаву собиқаи корӣ надоранд, хӯрдагирӣ накунед. Бегоҳирўзӣ бо нафаре вомехўред, ки чандин моҳ дар ҳасрати дидори шумо буд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ҷойи кор ба вазъияти ногуворе гирифтор мешавед. Ҳамкорон шуморо дар бепарвоиву бемасъулиятӣ гунаҳкор месозанд, ба танқид омода бошед. Ҳангоми робита бо дўстон сарварӣ накунед. Бо нафароне, ки солиёни зиёд риштаи мустаҳками дўстӣ доштед, самимӣ бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рўз ба вазъи саломатии худ бодиққат бошед. Агар дарде нороҳататон месохта бошад, ба табиб муроҷиат кунед, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Тарки одатҳои бад намуда, аз хўрдани ғизоҳои равғанин, хамирӣ ва шўр худдорӣ намоед. Бегоҳирўзӣ лаҳзаҳои хуши ошиқонаро интизор бошед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рўз аввалан мушкилиҳои худро ҳал кунеду баъдан аз пайи анҷом додани корҳои дигарон шавед. Вагарна бо рақибони худ як ба як монда, вақти пурқиммати худро бо баҳсҳои бемаънӣ мегузаронед. Вохўрии хотирмон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад. Аз пайи ҷустани шахси идеалӣ нашуда, ҳақиқатбин шавед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рўз дар гуфтору рафтор андозаро нигоҳ доред. Ба хабаргирии хеши беморатон меравед. Ба бемориҳои музмине, ки ҳар сол дар ҳамин вақт хурӯҷ мекунанд, бодиққат бошед. Сари вақт ба табиб муроҷиат карда, оқибатҳои нохуши бемориро пешгирӣ мекунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳодисаҳоеро, ки дар ҳаётатон рух медиҳанд, ба дил наздик қабул накунед. Корҳоятон хуб мешаванд, ба шарте ки руҳафтода нашуда, ба умеди кумаки бегонаҳо нашавед. Барои беҳтар сохтани вазъияти молиявӣ манбаи нави даромад ҷустанатон лозим меояд. Аз маслиҳатҳои шахси наздикатон рў нагардонед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рўз дар бораи худ ва дўстдоштаатон овозаҳои зиёдеро мешунавед. Агар оқилу дурандеш бошед, ба ғайбатҳо бовар накунед. Ақрабҳои коргар бо супориши роҳбарият ба сафари хидматӣ мебароянд. Дар сафар бисёр чизҳоро андеша намуда, дар тарозуи ақли худ баркашида метавонед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аз субҳи содиқ қавс бояд нақшаи корӣ ва истироҳатро тартиб диҳад, то ки ниятҳояшро амалӣ карда тавонад. Табъи нохуши худро пинҳон доред, вагарна ба гирдоби яъсу ноумедӣ гирифтор мегардед. Вохўрии аҷиб фикру ақидаҳоятонро ба бисёр чизҳо тағйир медиҳад. Дар лоиҳаҳои эҷодӣ ба тахаюлоти худ бовар кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рўз барои харидани либоси нав ва ба кошонаи ҳусн рафтанатон хуб аст. Пешниҳоди нави корӣ имкон дорад, саросема нашавед, нағзакак фикр кунед. Барои сари қарори тақдирсоз омадан бароятон ду рўз кифоя аст. Бегоҳирўзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Маслиҳати дўсти наздикатонро бо назари танқид қабул накунед. Андешаи он ки дўстатон ба зиндагии шумо бинӣ мехалонад, комилан ғалат аст. Дўсти зиндагидидаатон сидқан ба шумо кумак кардан мехоҳад. Агар дар масъалаи фурўши тиҷорати шахсӣ ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, зудтар ба мақсад мерасед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рўз ҳутҳо ба ғалат кардану рафтори нодуруст водор мешаванд. Ба ғалат роҳ надиҳед, вале чунин нафаронро бе танбеҳ намонед. Аз ҷониби нафари бароятон ҷолиб таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Бегоҳирўзӣ барои рафтан ба меҳмонӣ ва маърака оростан хуб аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *