Афзоиши содироти тарбуз аз Тоҷикистон ба хориҷа
Аз оғози соли равон Тоҷикистон наздик ба 600 тонна тарбузи барвақтиро ба хориҷ содирот кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабаби афзоиши ҳосили тарбузро мусоид омадани обу ҳаво арзёбӣ кардааст.
Бино ба иттилои вазорат, соли равон дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ дар майдони 18 ҳазору 582 гектар полезӣ кишт карда шудааст. Аз ин рақам 14 ҳазору 674 гектар ба тарбуз рост меояд, ки 1 ҳазору 305 гектари он бо ҳосилнокии миёнаи 306 сентнер ҷамъоварӣ шуда, ҳосили умумӣ 39 ҳазору 984 тоннаро ташкил додааст.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, асосан кишти тарбуз дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ