Криштиану Роналду нашид хонд?

Чанд рӯз пеш як нашид (суруди исломӣ) дар фазои маҷозӣ паҳн шуд, ки бо сурат ва овози футболбози беҳамто Криштиану Роналду танзим гардидааст.

Бархеҳо бовар карданд, ки нашиди мазкурро футболбози португалӣ сароидааст ва ӯро барои ин амалаш ситоиш карданд, вале донандагони технологияи муосир фаҳмиданд, ки ин кори зеҳни сунъист.

Дар ҳақиқат нашид бо садои Криштиану Роналду аст, вале набояд фаромӯш кард, ки ҳоло бо ёрии зеҳни сунъӣ имкон дорад корҳоеро анҷом диҳем, ки 10 сол пеш бароямон афсона менамуданд.

Масъалаи мазкур ҳам барои донандагони барномаи муайян хеле осон аст, яъне дар нашиди машҳур садои Роналдуро мондаанд ва ба ин восита диққатро сӯи худ ҷалб намудаанд. Ҳамчунин, ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду барои 200-ум бозиашро дар ҳайати мунтахаби Португалия гузаронидан, рекорд гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *