Афзоиши тавлиди тилло дар Тоҷикистон
— Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли равон 15% зиёд шуд,- иттилоъ дод Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, моҳи апрели соли равон корхонаи бузурги ТВЕА ва «ТАлКо голд» ба кор даромаданд, ки интизор меравад, нишондоди тавлиди тилло дар ҷумҳурӣ то охири сол боз беҳтар шавад.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, дар Тоҷикистон 19 корхонаи тавлиди тилло фаъолият доранд, ки 4 ададашон чинӣ мебошанд. Аз инҳо бузургтаринашон корхонаи «Зарафшон» аст, ки 30%-и саҳмияҳои он моли Тоҷикистон ва боқимонда марбути Чин мебошанд.
Вазири саноат илова намуд, ки соли 2023 дар Тоҷикистон чаҳор корхонаи бузурги коркарди тилло ва дигар сангҳои қимматбаҳо барои ҷавоҳирот ба истифода дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ